Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Шаҳристон бо иштироки намояндаи КДАМ ҶТ дар ноҳия, намояндагони шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва раисони маҳалла дар деҳаи Шаҳристони маркази ноҳия бо иштироки муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо вохӯрии судманд баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ оид ба масъалаҳои тарғибу ташвиқи сиёсати имрӯза, пешгирии ҳодисаҳои номатлуб байни занону ҷавонон, муҳоҷирати бехатар, теророризму экстремизм, рафти амалишавӣ ва риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муҳоҷират”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, оиди истифодаи самараноки замин, даъвати ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ, ҳуруфотпарастӣ, қонунҳои динӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ карда шуд.
Ҳамзамон бо мақсади ба шаҳрвандони ноҳия расонидани қоидаю қонунҳое, ки дар давлати қабулкунанда амал мекунад корҳои иттилоотӣ-маърифатӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо, дар бораи тартиби дароз намудан ва ё кам намудани мӯҳлати будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Федератсияи Россия, барасмиятдаровардани ҳуҷҷатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ба самъи шаҳрвандон ва аъзои оилаи онҳо расонида шуд.
Бояд қайд кард, ки бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Шаҳристон барои хубтару беҳтар фаъолият намудан, минбаъд дар баргузории корҳои тарғиботию ташвиқотӣ дар байни аҳолии ноҳия кӯшиш ба харҷ медиҳад.
Чунин як вохӯрии судманд дар деҳаи Вешаби Ҷамоати деҳоти Шамтучи ноҳияи Айнӣ, ки дар он намояндагони касбу кори гуногуни Ҷамоат, фаъолони деҳаҳо, имомхатибон, раисони хоҷагӣ ва кумитаи маҳаллаҳо иштирок доштанд, баргузор гардид.
Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Шаҳристон