Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Панҷакент якҷоя бо намояндагони КИ ҲХДТ ва раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳр бо раисони маҳҳаллаҳо ва оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ вохӯрии судманд баргузор намуданд.
Дар вохӯрии мазкур сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Панҷакент Абдушаҳидов Абурайҳон оид ба муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023 ироа гардида, доир ба муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маърифати ҳуқуқи шаҳрвандон” масъалаҳои пешгирии омилҳои номатлуби ифротгароӣ, терроризму экстремизм, тақлиди фарҳанги бегона, худкушӣ, хариду фурӯши одамон, муҳоҷирати меҳнатӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ташаккули худшиносиву зиракии сиёсӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлат ва хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ, нашъамандию нашъаҷалобӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, чораҳои зиддибуҳрониву муқовимат ба омилҳои коррупсионӣ, ташвиқи китобхониву китобдӯстӣ ва дар амал татбиқ намудани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ва саҳмгузорӣ дар ободонию созандагӣ Ватан суханронӣ намуд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки гузаронидани чунин вохӯриҳо бо сокинони Ҷамоату деҳоти шаҳри Панҷакент мунтазам гузаронида мешавад.
Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Панҷакент