• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Хониши идоравӣ дар раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе

Migration Service by Migration Service
07.03.2024
in Хабархо, Хабарҳо
0
Хониши идоравӣ дар раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе
307
SHARES
2.4k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Бо ибтикори раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе бо иштироки васеи кормандон хониши идоравӣ дар мавзӯи “Пешгирии нашъамандӣ ва бемориҳои сироятӣ ВНМО дар байни ҷавонон-муҳоҷирони меҳнатӣ” баргузор гардид.

Дар он эпидемиолог Шарипов Эмомалӣ ва мутахассиси МД «Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО» Исмонов Қурбонхуҷа иштирок намуданд.

Зимни баромад ба иштирокчиён дар бораи қонунгузории амаликунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи бемории ВНМО/БПНМ ва ҳуқуқҳои инсон ба кумакҳои тибби-иҷтимоӣ шинос намуданд.

Таъкид карда шуд, ки ашхоси нашъаҷаллоб ва истеъмолкунандагони маводи мухаддир аз ҷумлаи зиёновартарин табақаи ҷомеа маҳсуб ёфта, барои солимии аҳли ҷомеа, бахусус ҷавонон, зарари калон мерасонанд.

Метавон гуфт, ки нашъамандон манбаи коҳишёбии ахлоқ, сарчашмаи пайдоиш ва рушди бемориҳои сирояткунанда, аз ҷумла бемориҳои ҷинсии даҳшатнок, аз қабили ВИЧ/СПИД, ки имрӯз аксари давлатҳои ҷаҳонро ба ташвиш овардааст, инчунин, манбаи афзоиши ҷинояткорӣ дар ҷомеа мебошанд.

Нашъа ё маводи мухаддир, чун моддаи мадҳушкунанда, бадтаъсир рӯ ба маргу табоҳиоваранда, инсонро ба носолимӣ ва беобрӯгӣ мерасонад.

Марказ бо мақсади пурзӯр намудани кор дар байни ҷавонон дар доираи амалигардонии лоиҳаи “Ташаккули малакаҳо дар ҷавонон доир ба пешгирии ВНМО/БПНМ” дар мавзӯъҳои “Роҳҳои пешгирии бемориҳои сироятӣ”, “Солимии репродуктивӣ”, “Нашъамандӣ ва зарари он”, “Намудҳои нашъа ва механизми вобастагӣ ва ҳамвобастагӣ аз моддаҳои нашъадор”, “Маводҳои контрасептивӣ” ,“Вазъи ВНМО/БПНМ дар ҷаҳон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон” тренингҳои омузишӣ баргузор менамоянд.

Инчунин, дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ оид ба пешгирии бемориҳои сироятии ҷинсӣ ва нашъамандӣ вохӯриву мулоқотҳо ва семинар-машварат доир менамоянд.

Ҳамзамон қайд карда шуд, ки Марказ мутобиқи созишномаҳо бо ташкилотҳои бонуфузи байналмиллалӣ оид ба гузаронидани чорабиниҳои иттилоотию маърифатӣ дар байни аҳолӣ ҳамкорӣ менамояд.

Дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти Умумиҷаҳони Тандурустӣ, Созмони Байналмилалии Муҳоҷират, Ташкилоти озуқа ва кишоварзии СММ, Хазинаи Кӯдакони СММ, филиали Ташкилоти байналмилалии ICAP дар Донишгоҳи Колумбия бисёр корҳоро ба мисли нашри дастурҳои методӣ ва таҳияи маводҳои иттилоотӣ, семинарҳо барои дастаҳои ҷомеавӣ, кор дар байни муҳоҷирон ва оилаҳои онҳо, таҳияи барномаҳои телевизионӣ ва ғайраро, ки ҳамаи онҳо барои баланд бардоштани маърифати тиббии аҳолӣ нигаронида шуда буданд, анҷом дод.

Аз ҷумла бо дастгирии Ташкилоти байналмилалии ICAP дар фурудгоҳҳои шаҳри Душанбе ва Хуҷанд се монитори калонҳаҷм насб гардид ва ҳамчунин дар дохили тайёраҳо таъмини варақаҳои иттилоотӣ оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ роҳандозӣ гардид.

Ин нуктаро ҳам зикр бояд кард, ки то кунун дар заминаи ин дастур барои хубтару беҳтар амалӣ намудани он чанд дастури дигар, аз ҷумла “Дастури таълимию методӣ оид ба татбиқи усули “Муҳокима ва амали якҷоя” дар масъалаҳои саломатӣ”, “Роҳнамои мухтасар барои дастаҳои ҷомеавии саломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дастурамал барои кормандони муассисаҳои КАТС, марказҳои ташаккулии тарзи ҳаёти солим ва гурӯҳҳои мониторингии доимоамалкунанда оид ба татбиқи дастури “Шарикӣ бо ҷомеа дар масъалаҳои саломатӣ”, “Дастурамал барои фасилататорҳои (кормандони) марказҳои саломатии деҳот оид ба амалисозии дастури шарикӣ бо ҷомеа дар масъалаҳои саломатӣ” таҳия ва тадвин шудаанд.

Ҳамаи ин аснод аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ тасдиқ ва тасвиб ва дастраси марказҳои тарзи ҳаёти солими вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо гардонида шудаанд, – иброз намуданд мутахассисони соҳа.

Бояд қайд кард, ки тарзи ҳаёти солим яке аз дастовардҳои беназири инсоният ба ҳисоб рафта, барои шарафёб гардидан ба дарозумриву ҳаёти босаодат риояи меъёрҳои он ҳатмӣ ба шумор меравад.

Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе

Previous Post

Аз гурӯҳҳои ифротӣ дур бошем

Next Post

Вохӯрии судманд бо аҳолии Ҷамоати деҳоти Навати ноҳияи Спитамен

Next Post
Вохӯрии судманд бо аҳолии Ҷамоати деҳоти Навати ноҳияи Спитамен

Вохӯрии судманд бо аҳолии Ҷамоати деҳоти Навати ноҳияи Спитамен

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.