Шуъбаи Халамоти муҳоҷират дар шаҳри Кӯлоб дар ҳамбастагӣ бо намоядагони КИ ҲХДТ, бахши дин, танзиму анъана ва ҷашну маросимҳо ва шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ вохӯрии судмандро бо муҳоҷирони меҳнатӣ, фаолон ва сокинони маҳаллаҳои Нонбойи поён, Суғдиён ва Даминзодаи шаҳри Кӯлоб баргузор намуданд.
Дар вохӯри сараввал мудири бахши дин, танзиму анъана ва ҷашну маросимҳо Муҳаммад Салимов вобаста ба бандҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал дода, иброз номуд, ки Пешвои миллат зимни ироаи Паём ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, тарбияи дурусти ҷавонон ва ғамхорӣ нисбати онҳо, тарбияи ватандӯсти ва хештаншиносии онҳо, шукургузорӣ аз фазои ободу озоди кишвар, ваҳдату ҳамбастагӣ, ҳифзи муқаддасоти миллӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, хизмати ҷавонон дар сафҳои қувваҳои мусаллаҳ ва равнақ додани корҳои ободию созандагӣ ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон диққати махсус зоҳир намуданд.
Қайд карда шуд, ки бо дарназардошти вазъи имрӯзаи ҷаҳони муосир барои ҷиддан беҳтар кардани корҳои иттилоотӣ-маърифатӣ доир ба риояи талаботи қонунгузории танзими расму оинҳо ва маросиму маъракаҳо, сарфаю сариштакорӣ ва пешгирӣ намудани зиёдаравию исрофкорӣ дар назди раисони кумитаи маҳаллаҳо, фаолон ва зиёиён вазифаҳои мушаххас гузошта шудааст.
Бо назардошти ин ҳар яки мову шумо бояд дар оила, ҷойи кор ва маҳалли зисти худ корҳои ташвиқотию тарғиботиро дуруст ба роҳ монда, ҷиҳати амалан татбиқ намудани ин супоришҳо ва рушду нумуи Ватани азизамон саҳмгузор бошем.
Дар вохӯрӣ ҳамзамон муовини раиси КИ ҲХД Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Саймуминзода Фирӯз суханронӣ намуда иброз дошт, ки ҷавонон ҳамчун нерӯи созанда бо ҳисси баланди ватандӯстию гиромидошти арзишҳои миллӣ дар ободу зебо гардонидани кишвари азизамон пешсаф ва бо маданияту фарҳанги баланди шаҳрвандӣ бояд намунаи ибрат бошанд.
Дар вазъияти кунунӣ мо бояд ҳушёрӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва тавре, ки имрӯз мо шоҳид ҳастем, яке аз мушкилоти глобалие, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, ин терроризм ва экстремизм мебошад.
Аз ин лиҳоз, ҳар як фарди соҳибирода бояд дар сафи пеши мубориза ба муқобили терроризм ва ифротгароӣ содиқ бошад.
Зимни баромад мутахассиси пешбари шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Кӯлоб Сафаров Абдулфайз ба ҳозирин вобаста ба масъалаҳои муҳоҷирати бехатар ва муташаккилона сафарбар намудани шаҳрвандон ба муҳоҷирати меҳнатӣ, тарзи омода намудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ, аз ҷумла бо худ доштани шиносномаи хориҷӣ ва гувоҳномаи тиббӣ оиди надоштани касалиҳои сироятӣ, санҷиши кушода будани вуруд тибқи маълумотҳои мақомотҳои дахлдор, донистани забон ва доштани касбу ҳунар барои муҳоҷирони меҳнатӣ, эҳтироми арзишҳои миллии дигар халқияту миллатҳо, донистан ва риоя намудани қонунҳои Федератсияи Россия ё дигар давлатҳои қабулкунанда дар самти муҳоҷират маълумоти муфассал дод.
Ҳамзамон қайд гардид, ки дар хориҷи кишвар аз шахсони ношинос ва шубҳанок худро дар канор гирифтан зарур аст, зеро гурӯҳҳои терористию экстремистӣ ба ҳар роҳ шомилшавӣ ба сафҳояшонро талош менамоянд, бахусус бо фиристодани паёмакҳо ба воситаи телефон ва саҳифаҳои иҷтимоӣ- интернетӣ, аз ин хотир, бо расму видеоҳои хусусияти даъватию таблиғоти дошта ҷавоб гардонидан хатарнок буда, дар сурати ба чунин ҳолатҳо дучор омадан ба Сафоратхонаю Консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагиҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия (диаспорҳо) ё сохторҳои қудратии давлати қарордоштаи худ муроҷиат намуда, метавонед мушкилоти худро ҳал намоед.
Дар охири сухан намояндаи шуъбаи Хадамоти муҳоҷират аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки шахсони соҳибихтисос ва малакаи касбӣ дошта дар дохили кишвар низ талабгоранд ва метавонанд дар ширкатҳои азими ватанӣ бо музди маоши муносиб ва шароити хуби меҳнатӣ кору фаолият намоянд.
Аз ҷумла, дар Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи Неругоҳи Барқи Обии «Роғун» аз ҷониби масъулин ба иштирокчиён оид ба шарту шароити кор, ихтисосҳо ва музди меҳнат дар ширкатҳои пудратии ҶСК НБО «Роғун» маълумот пешниҳод намуд.
Вобаста ба масъалаҳои бақайдгирӣ ва бакортаъминкунии шаҳрвандони корҷӯ ва бекор, ҷалби онҳо ба иҷрои корҳои муздноки ҷаъиятӣ, тартиби ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнок ба шаҳрвандони бекор барои машғул шудан ба соҳибкории хурду миёна ва касбомӯзии занону ҷавонон тариқи курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишии барномавӣ, валидатсиякунонии малакаҳои касбӣ ва дарёфти ҷойи кор дар дохили кишвар сардори шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Кӯлоб Одинаев Абдурасул ба ҳозирин маълумоти мушаххас дод.
Дар ҷамъбасти вохӯрӣ ба саволҳои сершумори иштирокчиён аз ҷониби мутахассисони соҳаҳо ҷавобҳои қаноатбахш дода шуд.
Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Кӯлоб