Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Деваштич дар толори хонаи маданияти ноҳия вохӯрӣ бо сокинони махаллаи Бахт ва Навободи Ҷамоати шаҳраки Ғончӣ бо иштироки намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, намояндагони шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, КИ ҲХДТ дар ноҳия, Комиссарияти ҳарбӣ ва Ҷамоати шаҳраки Ғончӣ вобаста ба масъалаҳои тарғибу ташвиқи сиёсати имрӯза, пешгирии ҳодисаҳои номатлуб байни занону ҷавонон, муҳоҷират, теророризму экстремизм, ва рафти амалишавии Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муҳоҷират”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” гузаронида шуд.
Намояндаи бахши Хадамоти муҳоҷират Одилов К., дар баромади худ, доир ба фаъолияти меҳнатӣ шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар муҳоҷират ва тартиби будубош, аз ҷумла шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба қаламрави Федератсияи Россия ворид мегарданд, оиди тағйиротҳои воридкардашуда ва шиносоӣ бо қонунҳои амалкунанда, суханронӣ намуд.
Ҳамзамон ба сокинони маҳаллаҳо барои муҳоҷирати бехатар ба давлатҳои хориҷа, якчанд дастуру супоришҳо оид ба барасмиятдарории хуҷҷатҳо ва тартиби будубош дар хориҷа дода шуд.
Бояд қайд кард, ки чунин чорабиниҳо дар маҳаллаи Сари-Мазор бо сокинони маҳаллаи Файзобод 1, Файзобод 2 ва Ҷавонӣ Ҷамоати шаҳраки Ғончӣ бо иштироки намояндагони Комиссарияти ҳарбии ноҳия, шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, КИ ҲХДТ дар ноҳия ва Ҷамоати шаҳраки Ғончӣ гузаронида шуд.
Бояд қайд кард, ки чунин як чорабинӣ дар Ҷамоати деҳоти Деҳмоӣ деҳаи Гулистони ноҳияи Ҷаббор Расулов доир ба муҳтавои Паёми навбатии Пешвои миллат, “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”, пешгирии шомилшавии ҷавонону занон, хусусан муҳоҷирони меҳнатӣ аз гурӯҳҳои ифротӣ, пешгирии ҳодисаҳои номатлуб пешгирии холатҳои коррупсионӣ, баланд бардоштани ҳисси худшиносию худогоҳӣ, бурдани корҳои иттилоотӣ-маърифатӣ ҷалби ҷавонон ба ватандустию хештаншиносӣ, хизмат ба Модар – Ватан ба кор ҷалб намудани муҳоҷирони меҳнатие, ки воридшавиашон ба қаламрави Федератсияи Россия манъ шудааст дар дохили кишвар ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз гузаронида шуд.
Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Деваштич