Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ оид ба ташкили чорабиниҳои иттилоотӣ-маърифатӣ ва бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ, дохилӣ ва экологӣ қарор дошта, корбарӣ намуда истодааст.
Чанде пеш чунин як вохӯрӣ бо иштироки намояндаи бахши Хадамоти муҳоҷират дар деҳаи Ҳадишаҳр бо ҷавонон ва муҳоҷирони меҳнатии ба хориҷи кишвар сафаркунанда вохӯрӣ намуда вобаста ба соли 2024 эълон гардидани «Соли маърифати ҳуқуқӣ», муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», пешгири аз шомилшави ба гурӯҳҳои ифротӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ, бахусус ҷавонон, ҷиҳати ба расмиятдарории будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз суҳбати судманд анҷом дода шуд.
Ҳамзамон намояндаи бахши Хадамоти муҳоҷират зимни баромад, қайд намуд, ки масъалаи маърифати ҳуқуқӣ танҳо аз моҳияти ҳуқуқӣ иборат нест ё худ фақат мазмуни ҳуқуқӣ надорад, балки бо маҷмӯъи арзишҳои маънавӣ, аз қабили расму анъанаҳои миллию ахлоқӣ оид ба некию накӯкорӣ, шафқату дилсӯзӣ, ростӣ, ҳақиқат, покӣ, адолат ва дигар арзишҳои дар таърихи мавҷудияти миллати тоҷик исботшуда робитаи ногусастанӣ дорад.
Маърифати ҳуқуқӣ ба ҳар шаҳрванд имкон медиҳад, ки ҳуқуқҳои худро бишносад ва аз онҳо дифоъ кунад. Асоси бунёд ва таъмини ҷомеаи демократӣ низ аз ҳамин маърифати ҳуқуқӣ сарчашма мегирад. Мақсад аз соли маърифати ҳуқуқӣ эълон кардани соли 2024 пеш аз ҳама баланд бардоштани дониши ҳуқуқии шаҳрвандон, риоя ва волоияти қонуну қонунгузорӣ, таъмини ҳуқуқу озодӣ ва эҳтиром гузоштан ба ҳуқуқи ҳар нафар ва ғайра мебошад.
Бинобарин, бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардид, ки боиси ифтихори кулли сокинони мамлакат гардидааст.
Бояд қайд кард, ки Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд минбаъд баҳри хубтару беҳтар гузаронидани чунин вохӯриҳо дар байни аҳолӣ ва муҳоҷирони меҳнатӣ корро боз ҳам ҷоннок менамояд.
Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ