Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Спитамен якҷоя бо МИМХД ноҳия, шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар маҳалла ва кӯчаҳои Ёдгоров ва Саидови Ҷамоати шаҳраки Навкат вобаста ба соли 2024 эълон гардидани “Соли маърифати хуқуқӣ” вохӯрӣ ва корҳои иттилоотӣ баргузор намуд.
Дар вохӯрӣ масъулин дар баромади худ оид ба нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми кишвар, суханронии Сарвари давлат дар мулоқот бо ходимони дини кишвар, ки санаи 9 марти соли 2024 қайд намудаанд, баромад намудаанд.
Ҳамзамон дар вохӯрӣ ҷиҳати пешгирии амалҳои хусусияти ифротгароидошта, касалиҳои сироятӣ, пешгирии амалҳои коррупсионӣ, муҳоҷирати бехатар, кам намудани шиддати муҳоҷирати дар байни занон, ҷавонон, ҷавонони даъватшавандагони ба хизмати ҳарбӣ, пешгирии зӯроварӣ дар оила ва тарғиботи ҳунаромӯзии шаҳрвандон ва машғул будан ба дилхоҳ намуди корҳои ҳунармандӣ, пешгирии хароҷоти зиёдати дар маросимҳои динӣ ва риояи қонуни соҳаи танзим дар маъракаҳо суханронӣ карда шуд.
Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират Урунбоев Баҳром дар баромади худ вобаста ба пешгирии шомилшавии ҷавонон аз гурӯҳҳои тундрав баромад намуда қайд намуд, ки имрӯз дар марҳилаи нави рушди ҷомеа яке аз масъалаҳои муҳиму умдаи рӯз ин тақвият бахшидани ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, пойдор нигоҳ доштани Ваҳдати миллӣ ва таъмини сулҳу субот дар кишвар аст ва ин амалҳои созанда рисолати аввалиндараҷаи ҳар як сокини сарбаланду садоқатпешаи Тоҷикистони азиз мебошад.
Чунин як вохӯрии судмандро бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия Ашт якҷоя бо бахши сабти асноди шаҳрвандии ноҳия бо сокинони Ҷамоати деҳоти Ифтихор баргузор намуданд.
Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Спитамен