19 марти соли равон дар Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе бо мақсади баланд бардоштани савияи донишҳои ҳуқуқии кормандон ва иттилоотонии онҳо оид ба пешгирии ҷиноятҳои вобаста ба хусусияти коррупсионидошта ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ, дар мавзӯи «Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2030» бо иштироки васеи кормандон хониши идоравӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ намояндаи Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи мубориза бо коррупсия, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи методологияи тартиб ва методологияи таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ)»-ро шарҳ дода, дар мавзӯи «Мубориза бо коррупсия манфиат ва рушди ҷомеа аст» маърӯза намуд.
Мавсуф ҷиҳати амали гардонии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» гуфт, ки он ҳамчун санади барномавии дурнамои миёнамуҳлати сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия ба ҳисоб рафта, барои паст кардани шиддат ва сатҳи коррупсия дар кишвар равона карда шудааст.
Стратегияи мазкур ҳамаи вазорату идораҳои давлатӣ, ташкилотҳои давлатию ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шахсони мансабдорро вазифадор намудааст, ки ҳар кадом дар доираи нақшаи таҳиягардида вобаста ба салоҳияти худ корро дар самти пешгирӣ, чораҳои фаҳмондадиҳӣ, ошкорсозӣ ва бартараф намудани сабабу шароитҳои пайдокунандаи коррупсия ва ба он мусоидаткунанда ҷоннок намоянд суҳбат кард.
Дар хотима байни кормандони Раёсати ва намояндаи Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон табодули афкор доир гардид.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе