Дар ҳошияи мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат, инчунин вобаста ба амалӣ намудани Қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 28 феврали соли 2024 дар бораи тақвият бахшидани корҳои идеологӣ ва маърифатӣ дар ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе дар робита ба Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 бо кормандони дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират ва Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе хониши идоравӣ баргузор гардид.
Дар он номзади илмҳои фалсафа, дотсенти кафедраи диншиносии факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қаландарзода Мустафо Искандар иштирок ва бо маъруза баромад намуд.
Қаландарзода Мустафо Искандар таъкид намуд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоташон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат оид ба фазилатҳои пурарзиш, амали хайру саховат, дастгирии оилаҳои камбизоат, ятимону бепарасторон, сарфаю сариштакорӣ ва танзими маъракаву маросим ибрози назар намуданд.
Ҳамчунин аз зоҳирпарастиву исрофкорӣ, риоя накардани меъёру андозаҳои муайяншудаи анъана, расму оинҳои мардумию динӣ ва рафъи камбудиҳои ин соҳа ба масъулин супоришҳои мушаххас доданд.
Ҳамзамон дар идомаи хониши идоравӣ вобаста ба риояи ҳатмии қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» ва ба ин васила баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву хештаншиносӣ дар замири ҳар фарди бонангу ори мамлакат, инчунин ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ ва риояи ҳатмии одоби шаҳрнишинӣ ибрози назар кард.
Дар ҷараёни он ҳамчунин аз суханронии Пешвои миллат иқтибос оварда, гуфта шуд, ки имрӯз дар ҷаҳони муосир равандҳое, аз ҷумла бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо, тафриқаву низоъҳои диниву мазҳабӣ, густариши бесобиқаи терроризму экстремизми динӣ, «сиёсати дугона» нисбат ба гурӯҳҳои ифротгароии динӣ ва монанди инҳо мавҷуданд, ки василаи истифодаи қувваҳои гуногуни манфиатхоҳ гардида, ба ҷомеа ва давлати мо низ таъсир мерасонанд.
Бинобар ин фаъолон ва аҳли ҷомеаро зарур аст, ки дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллатро сармашқи кор намуда, дар пешрафту ободии Ватан саҳм гузоранд ва бар зидди терроризму экстремизм ва хурофотпарастӣ мубориза баранд, – афзуд Қаландарзода М.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират