Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на кам аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Мубориза бо ин амали номатлуб фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд. Зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки аксаран таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат мегирад, ба дини мубини Ислом иртиботе надорад, баръакс, аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандозӣ шуда, ки аз ин ваҳшонияти асримиёнагӣ пеш аз ҳама, кишварҳои исломӣ ва мусулмонони сайёра зарар мебинанд.
Боиси таассуф аст, ки баъзе созмонҳои байналмилалӣ аз ҷониби як қатор доираҳо ва давлатҳову фондҳо ошкоро маблағгузорӣ гардидани созмонҳои террористиву ифротгаро, поймолшавии ҳуқуқи инсон, аҳволи тоқатфарсо ва дар роҳи муҳоҷират дар баҳрҳо ғарқ шудани ҳазорон нафар гурезаҳо, аз ҷумла, занону кӯдаконро нодида мегиранд. Аз ин лиҳоз, метавон гуфт, ки бар асари истифодаи қувва ва зӯрӣ дар равобити байналмилалӣ, дар ҳифзи манфиатҳои хеш рӯ ба рӯ омадани қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, зери фишори неруву унсурҳои бегона амалан аз байн рафтани низоми давлатдории як силсила кишварҳо ва вусъати торафт афзояндаи терроризму экстремизм вазъи ҳуқуқи байналмилалӣ хеле заиф шуда, истиқлолияти давлатҳои миллӣ осебпазир гардидааст.
Терроризм яке аз муаммои хатарноке мебошад, ки бо он ҷаҳони муосир рӯ ба рӯ гаштааст. Ин зуҳурот дар ин ё он сатҳ ба инкишофи ҷамъият ва давлатҳо монеагӣ ба бор овардааст. Воқеияти замони имрӯз он ҳолате мебошад, ки терроризм пеш аз ҳама, хатари зиёд ба бехатарии давлатҳо дорад, оқибати он зарари зиёди иқтисодиву сиёсӣ ва равонӣ мегардад. Ташвиши ҷомеаи ҷаҳон аз афзудани амалиёти террористӣ, зиёд гардидани қурбониён, махсусан, кӯдакону пиронсолон ва дигар шахсон, инчунин зарарҳои калони моддӣ расонидашуда, арзёбӣ мешавад.
Чунин гурӯҳҳои ташкилёфта ҳамчун силоҳи муборизаи геополитикӣ ва ҳамчун нерӯи тарғибгари сиёсӣ, низомӣ барои давлату миллатҳо, фарҳангу, тамаддунҳо, арзишҳои инсонӣ хатари ҷиддии ҳаётӣ пеш меоваранд.
Пас, мубориза бо онҳо фақат мубориза бо як тарзи ҷаҳонбинӣ нест, балки имрӯз мубориза бо ин «вабои аср» мубориза барои ҳаёт барои бақо мебошад.
Сайфиддинов Фирдавс,
мутхассиси пешбари шуъбаи муҳоҷирати меҳнатии ба хориҷаи Раёсати муҳоҷирати меҳнатӣ Хадамоти муҳоҷират