Яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ, бахусус муҳоҷирони меҳнатӣ ба шумор меравад. Зеро ҳар як муҳоҷири меҳнатие, ки аз асосҳои қонунгузории кишвари қабулкунанда огоҳ бошад, забону фарҳанги он давлатро донад, бе мушкилӣ ва босамар фаъолияти меҳнатияшро ба роҳ монда, аз хатарҳои эҳтимолӣ, ки аз надонистани қонуну қоидаҳои будубош ба амал меоянд, эмин мемонад.
Бо дарки ин маънӣ дар Хадамот ба ин масъала таваҷҷӯҳи хоса зоҳир гардида, тибқи нақшаи чорабиниҳои Хадамоти муҳоҷират дар манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ пайваста корҳои ташвиқотию тарғиботӣ ташкил ва гузаронида мешаванд. Рузҳои 17 ва 18 апрели соли равон гурӯҳи кории хадамот бо мақсади гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ба фурудгоҳи байнамилалии шаҳри Душанбе омада, бо муҳоҷирони меҳнатӣ мулоқоту вохӯриҳо анҷом доданд.
Вохӯриҳо бо онҳое сурат гирифт, ки қисме аз муҳоҷират бармегаштанд ва иддае ба муҳоҷират мерафтанд. Аснои гуфтугӯ бо муҳоҷирони баргашта маълум шуд, ки баъзеяшон бинобар риоя накардани талаботҳои қонунгузории федералӣ аз қаламрави Россия ихроҷ (депортатсия) шудаанд.
Ҳамзамон дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз мулоқот бо ходимони дин бармеояд, ба муҳоҷирони меҳнатӣ дар масъалаи пешгирии терроризму экстремизм, худдорӣ аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъи радикалӣ ва ифротгаро суханронӣ карда шуд. Тавре, ки Пешвои миллат таъкид менамоянд, террорист миллату дин надорад.
Таъкид гардид, ки ҷавонони ба ору номуси тоҷик набояд ба дасисаҳои иғвоангези хоҷагони хориҷӣ бовар кунанд, балки қоидаҳои будубоши кишвари иқоматро риоя намуда, ҳалол меҳнат карда, барои ободию осоиштагии ватани маҳбуби худ талош намоянд.
Дар зимн барои баланд бардоштани маърифати сиёсии ҷавонони муҳоҷир буклетҳои маърифатӣ дар боби муқовимат ба ақидаҳои терроризму ифротгарӣ тақсим карда шуд.
Чунин вохӯриҳо дар дигар фурудгоҳу истгоҳҳои роҳи оҳани ҷумҳурӣ низ пайваста гузаронида мешаванд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират