Бо ташаббуси Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №61 ноҳияи Исмоили Сомонӣ пойтахт мулоқоти масъулин бо волидони хонандагон баргузор шуд.
Дар мулоқот намояндагони Кумитаҳои кор бо занон ва оила, ҷавонон ва варзиш, инчунин намояндаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат ва баромад намуда, нуктаҳои муҳимтарини Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шарҳу тавзеҳ дода шуд.
Баромадкунандагон аз мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли зиёву ходимони дини мамлакат ёдоварӣ намуда, доир ба татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ватандӯстӣ», «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ дар Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» сухан гуфтанд.
Таъкид шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин мулоқот чунин гуфтанд: «Пеш аз ҳама, бояд сари ин проблема андеша намоем, ки дар давраҳои хеле ҳассоси тезутунд шудани муносибатҳои байни абарқудратҳо барои ҷорӣ намудани низоми нави ҷаҳондорӣ, сарфи назар аз мавҷудияти ақидаҳои мухталифи сиёсиву динӣ ва иҷтимоӣ дар ҷомеа мо барои ҳифзи сарвати бузургтарин ва бобақои худ, яъне Ватан ва Истиқлолияти миллӣ муттаҳид бошем, барои ҳифзи манфиатҳои милливу давлатии худ зиракиро аз даст надиҳем».
Дар ҳақиқат, ҷаҳонишавӣ ва зуҳури гурӯҳҳои манфиатҷӯву афзоиши хатарҳои экстремистиву террористӣ ба оромиву субот ва истиқлолу соҳибихтиёрии кишарҳои ҷудогонаи олам таҳдид менамояд, ҳар сокини сайёра ва миллату давлатҳоро ҳушдор медиҳад, ки аз ин қабил падидаҳои хатарзо дар амон бошад. Коршиносони ватанию байналмилалӣ борҳо омили асосии пайваст шудани ҷавонону сокинонро ба гурӯҳҳои ифротӣ ба маърифати пасти ҳуқуқӣ, донишҳои диниву сиёсии онҳо марбут донистаанд.
Дар интиҳо ҷавонон даъват шуданд, ки пайваста омӯзанд ва бо падидаҳои номатлуб мубориза бурда, дар ҳифзу гиромидошти дастовард ва муқаддасоти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳм гузоранд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе