• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Семинари омӯзишӣ дар Хадамоти муҳоҷират

Migration Service by Migration Service
24.04.2024
in Хабархо, Хабарҳо
0
Семинари омӯзишӣ дар Хадамоти муҳоҷират
306
SHARES
2.4k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

23 апрели соли равон дар толори маҷлисгоҳи Хадамоти муҳоҷират бо ибтикори Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Намояндагии Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи касбии кормандони сохторҳои вазорат аз ҷумла, Агентии меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Хадамоти муҳоҷират, Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва сохторҳои он дар маҳалҳо, ки масъулини расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон, огоҳонӣ ва пешгирии меҳнати маҷбурӣ, муқовимат ба муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва огоҳонидани аҳолӣ аз хатарҳо ва оқибатҳои савдои одамон ва ҷиноятҳои ба он алоқаманд мебошанд, семинари омӯзишӣ баргузор гардид.

Мақсади чорабинии мазкур баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи касбии кормандон дар расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон, огоҳонӣ ва пешгирии меҳнати маҷбурӣ, муқовимат ба муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва огоҳонидани аҳолӣ аз хатарҳо ва оқиабтҳои савдои одамон мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки Нақшаи миллии муқовимат бо савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои солҳои 2022-2024, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 2022, №55 тасдиқ шудааст, аз 73 банд иборат буда, иҷрокунандаи 6 банди он бевосита Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ва дар 20 банди дигари он ҳамчун ҳамиҷрочии масъули иҷро мебошад.

Қайд кардан бамаврид аст, ки тибқи супориши Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат бо савдои одамон аз ҷониби гурӯҳи корӣ бо иштироки кормандони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон рафти иҷрои Нақшаи миллии муқовимат бо савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои солҳои 2022-2024 дар вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва дигар мақомотҳои дахлдор мавридли санҷиш қарор дода шуда, натиҷаи он дар ҷаласаи Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат бо савдои одамон 26 декабри соли 2023 мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Мавриди зикр аст, ки аз ҷониби гурӯҳи корӣ фаъолияти дастгоҳи марказии вазорат ва сохторҳои он дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ низ ҷиҳати иҷрои босифати Нақшаи миллии муқовимат бо савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои солҳои 2022-2024 мавриди санҷиш қарор гирифта шуд, ки дар натиҷаи санҷиш камбудиҳо ошкор гардиданд.

Ҳамзамон дар семинари омӯзишӣ дар бораи экстремизм ва терроризм суханронӣ намуда, аз ҷумла иброз намуданд, ки дар замони ҳозира терроризм ва ифротгароӣ зуҳуроти номатлуб маҳсуб мешаванд, зеро ифротгароӣ боиси ба амал омадани таҳдид ва зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, беандешагӣ, бенизомӣ гардида, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият, аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ ва динӣ ҳадафи асосии он аст. Имрӯз терроризм ва ифротгароӣ ҳамчун вабои аср ба осоиштагии мардуми ҷаҳон таҳдид ва барои ҳар сокини сайёра хатари калон эҷод менамояд.

Таҳлили вазъияти сиёсии ҷаҳон нишон медиҳад, ки нооромиҳо ва мушкилоти ибтидои асри ХХI – ин авҷ гирифтани зиддияти ифротгароӣ дар ҷаҳони муосир мебошад. Ягон гурӯҳи террористӣ дар заминаи хушку холӣ арзи вуҷуд карда наметавонад. Барои он ки ин гурӯҳҳо ташаккул ёбанд, ё амалиёт кунанд, онҳоро ташкилоти махсус маблағгузорӣ менамоянд ва бо лавозимоти зарурӣ, яроқу аслиҳа таъмин мекунанд. Чунин амал дар шароити ҳозира яке аз роҳҳои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои стратегии давлатҳои алоҳида ва гурӯҳҳои махсус маҳсуб мешавад. Ба ин васила ҷавонон бояд аз ҷиҳати сиёсиву равонӣ ва инчунин эътиқод устувор бошанд, фирефтаву зудбовар нашаванд, балки ҳушёру зирак ва бо донишҳои илмию сиёсӣ мусаллаҳ бошанд.

Маҳз барои ҳамин ҳар шахси худогоҳу солимфикру хештаншинос ва сокинони сайёраро зарур аст, ки нисбат ба ин гуна шахсони ҷинояткор бетараф набошанд. Ҳангоми пешгирии ҷинояткорӣ ва мубориза ба муқобили нафарони ҷиноятпеша баҳри боз ҳам беҳтар намудани тайёрии касбӣ ва омодабошии ҷангӣ вусъат бахшидани ҳамкории кормандони ҳифзи ҳуқуқ бо аҳолӣ ва ҳамоҳангсозии онҳо хеле муҳим аст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо иброз доштанд, ки «террорист ватан, миллат ва дин надорад». Мусаллам аст, ки терроризм ва ифротгароӣ ин амали зӯроварии ғайрилегалии муташаккил буда, бар зидди сохти сиёсӣ равона гардида, мақсади асосии он тарсондан ва ноумед намудани мардум ба худ ҷалб кардани онҳо мебошад.

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Ҳифзи забон – вазифаи ҳамаи мост

Next Post

Корҳои фаҳмондадиҳӣ пеш аз сафар бо муҳоҷирони меҳнатӣ дар Ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳияи Ашт

Next Post
Корҳои фаҳмондадиҳӣ пеш аз сафар бо муҳоҷирони меҳнатӣ дар Ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳияи Ашт

Корҳои фаҳмондадиҳӣ пеш аз сафар бо муҳоҷирони меҳнатӣ дар Ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳияи Ашт

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.