• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Вохӯриву суҳбатҳо бо муҳоҷирони меҳнатӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Кӯлоб идома дорад

Migration Service by Migration Service
03.05.2024
in Хабархо, Хабарҳо
0
Вохӯриву суҳбатҳо бо муҳоҷирони меҳнатӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Кӯлоб идома дорад
306
SHARES
2.4k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Вохӯриву суҳбатҳо бо шаҳрвандони ҷумҳурӣ – муҳоҷирони меҳнатӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Кӯлоб аз ҷониби кормандони масъули шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Кӯлоб идома дорад.

Дар рафти суҳбату вохӯриҳо бо сокинони вилоят, ки тавассути парвоз ба кишварҳори хориҷа, аз ҷумла Федератсияи Россия равонаанд, оид ба вазъи имрӯза дар ин кишвар, қонунгузории нави он маслиҳатҳои муфид доданд.

Инчунин, ба ҳозирин бори дигар таъкид карда шуд, ки шахсоне азми сафар ба кишвари Россия доранд, муваққатан то муътадил омадани вазъият худдорӣ намоянд.

Ҳамзамон дар суҳбат гуфта шуд, ки пеш аз сафар ба кишвари Россия шаҳрванди ҷумҳурӣ бояд забони давлати қабулкунандаро дар сатҳи муошират донанд, касби муносиб дошта бошанд ва қонунҳои будубоши ин кишваро бе чуну чаро риоя намоянд.

Ҳангоми ба кишвари Россия ворид шудан, ҳатман гирифтани патент, қайди муваққатӣ, шартномаи меҳнатӣ бастан бо кордеҳ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз фаромӯш накунанд.

Дар рафти суҳбат махсус қайд гардид, ки имрӯз дар ҷаҳони муосир гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ фаъолият доранд, ки ҳадафи ин гурӯҳҳо ҷалби шахсони бегуноҳ, аз ҷумла ҷавонон ва муҳоҷирони меҳнатӣ барои содир кардани ҷиноятҳои вазнини террористию экстремистӣ буда, барои онҳо шомил кардан ба саҳфҳои худ кушиш менамоянд, ба табақаи муайяни аҳолӣ рӯ биёранд, ки инҳоро ҷавонон, шахсони бекори ниёзманд, муҳоҷирони меҳнатӣ, шахсони ба маблағ ниёз дошта, аз волидон ва ё ҷамъият ранҷида, дорои пасти дониш ва маърифати ҳуқуқӣ ва дигарон ташкил медиҳанд.

Ин зуҳурот на танҳо ба сиёсати дохилии кишварҳои алоҳида, балки дар муносибатҳои давлатҳои ҷудогона роҳандозӣ шуда истодааст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон дар ин радиф қайд намуда буданд: “Мубориза бо терроризм ва экстромизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешоруи ин хатари умумӣ тақозо менамояд”. Ифродгароӣ ва терроризм – яке аз чунин зуҳуроти номатлуби замони муосир ба шумор рафта, мубориза бар зидди он қарзи ҳар як инсони комил мебошад. Терроризму экстремизм ҳамчун вабои аср ва дигар ҳодиссаҳои номатлуб ба оромию амнияти саёра ва пойдории давлат таҳдиду хатарҳо эъҷод карда, амну осоиш ва ваҳдати халқу миллатҳоро барҳам мезанад, барои ҳамин шаҳрвандони мо бояд дар давлати дигар эҳтиёткор бошанд. Дониста бошед, ки шахсони бегона метавонанд ба Шумо таъсир расонида Шуморо гумроҳ намоянд ва ба созмонҳои гуногуни радикалӣ, экстремистию террористӣ ҷалб намоянд.

Ҳамзамон даъват ба амал оварда шуд, ки дар давлати бегона эҳтиёткориро аз даст надода, фарҳангу тамаддуни миллати хешро ҳифз намуда, қонунҳои буду боши муҳоҷирати меҳнатиро риоя намоед.

Дар охир ба суолҳои сершумори муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҷониби кормандони шуъба ҷавобҳои мушаххас дод шуда, ба онҳо буклетҳои Хадамоти муҳоҷират оид ба “Тундгаро, экстремист ва терорист киҳоянд ва чаро онро бояд донист?”, “Дар кадом ҳолатҳо шахс ба ҷавобгарӣ кашида мешавад?” тақсим карда шуд.

Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон

Previous Post

Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар “Фурудгоҳи байналмиллалӣ дар шаҳри Хуҷанд” пурзӯр карда мешавад

Next Post

Бо усули “Кӯча ба кӯча” дар маҳаллаи “Тиллокон”- и шаҳри Хуҷанд

Next Post
Бо усули “Кӯча ба кӯча” дар маҳаллаи “Тиллокон”- и шаҳри Хуҷанд

Бо усули “Кӯча ба кӯча” дар маҳаллаи “Тиллокон”- и шаҳри Хуҷанд

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.