Дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Кӯлоб баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати бехатарии муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷи кишвар аз ҷониби кормандони шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Кӯлоб дар якҷоягӣ бо кормандони дигар сохторҳои Фурудгоҳ пайваста роҳандозӣ гардида истодааст.
Дар вохӯрии навбатӣ ба шаҳрвандон вобаста ба мушкилиҳое, ки рӯзҳои охир муҳоҷирони мо дар сарҳадоти Федератсияи Россия дучор гардиданд, суханронӣ намуда, ба ҳозирин таъкид намуданд, ки дар хориҷи кишвар назар ба солҳои пешин эҳтиёткор буда, тавсия дода мешавад, ки саравал барои ворид гардидан ба сарҳадоти дигар давлат, мутмаин бошед, ки ягон монеагӣ дар шахсияти Шумо вуҷуд надорад.
Ҳар нафаре, ки бо мақсади фаъолияти меҳнатӣ ба Федератсияи Россия сафар мебарояд, ҳатман шиносномаи худро дар сохторҳои Хадамоти муҳоҷират, ки дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фаъолият доранд, аз маҳзани манъшудагон санҷида баъдан азми сафар намоянд, зеро назорат дар сарҳадоти қаламрави кишвари Россия пурзур карда шудааст.
Вобаста ба муҳоҷирати меҳнатии бехатар қайд гардид, ки пеш аз сафар мухоҷири меҳнатӣ бояд аз қонуну қоидаҳои нави Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират бохабар буда, забони давлатии кишвари қабулкунандаро ҳадди ақал бо тарзи муошират бояд донанд, дуруст пур намудани варақаи баҳисобгирии муҳоҷирати шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз худ намуда, ҳуҷҷати касбии худро дошта бошанд ва қоидаҳои будубошро пурра риоя намоянд.
Ҳамзамон оид ба пешгирии шомилшавии шаҳрвандон, бахусус муҳоҷирони меҳнатӣ ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ экстремистӣ, ҷинояткорию ҳуқуқвайронкунӣ, омӯзиши фарҳанги бегона, таълимоти ғайриқонунии динӣ ва дигар масоили мубрами рӯз суханронӣ намуда, ҷиҳати хатари он ба осоиштагии ҷомеаи имрӯза равшани андохта шуд.
Ба маълумоти шаҳрвандон ва муҳоҷирони меҳнатӣ расонида шуд, ки роҳҳои пешгирӣ намудани худ аз экстремизм ва терроризм инҳо мебошанд:
-Доштани маълумоти дуруст оиди экстремизм, терроризм ва оқибатҳои он
-Пос доштани чунин арзишҳо ба монанди Ватан, миллат, падару модар, оила ва дигар наздикон
-Дар сомонаҳои интернетӣ шомил нагардидан ба ҳар гуна гурӯҳҳои шубҳанок ва рад намудани ҷалб гардидан ба онҳо дар сомонаҳои иҷтимоӣ
- “Лайк” нагузоштан ба ҳар гуна расм ва видеоҳои характери фанатизми динӣ дошта
-Паҳн накардани сабтҳо ва расмҳои характери экстремистию террористӣ дошта ва ғайра.
Бо назардошти ин тавсия дода мешавад, ки ҳангоми дучор гардидан ба ҳар гуна ҳолатҳои шубҳаовар, ба мақомотҳои дахлдори Федератсияи Россия ё Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон ва диаспораҳо ҳамкорӣ намоянд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ба саволҳои сершумори муҳоҷирони меҳнатӣ ҷавобҳои қаноатбахш дода шуда, ба як қатор шаҳрвандон буклетҳои роҳнамои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ оид ба муҳоҷирати бехатар; Тундгаро, экстремист ва террорист киҳоянд ва чаро онро бояд донист? Дар кадом ҳолатҳо шахс ба ҷавобгарӣ кашида мешавад? тақсим гардида, ба муҳоҷирони меҳнатии ба ватан баргашта, барои дарёфти ҷои кор бо музди меҳнати арзанда дар ширкатҳои бузурги дохили кишвар, тавсияҳои муффид дода шуд.
Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Кӯлоб