Тибқи нақшаи тасдиқнамудаи вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пурзур намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ байни муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи омодагии муҳоҷирон пеш аз сафар кормандони Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд ва зерсохторҳои он дар ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Хуҷанд” пеш аз сафар бо муҳоҷирони меҳнатӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ-маърифатӣ гузаронида истодаанд.
Дар рафти мулоқот бо шаҳрвандон қайд намуданд, ки вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем.
Зеро пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд.
Пешвои миллат дар Паёми хеш таъкид намуданд, ки хоинони миллат ва хоҷаҳои хориҷии онҳо то ҳанӯз аз нақшаҳои нопоку ғаразноки худ, ки ибтидои солҳои 90-ум доштанд, даст накашидаанд.
Онҳо то ба ҳол аз хориҷи кишвар бо тамоми роҳу воситаҳо кӯшиш карда истодаанд, ки ҷомеаи моро ноором сохта, фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд.
Мардуми шарифи Тоҷикистон, махсусан, ҷавонони бонангу номуси кишвар инро набояд фаромӯш кунанд ва бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд.
Бояд тазаккур дод, ки Пешвои миллат дар ҳар як Паёми хеш таъкид менамоянд, ки фаъолияти чунин равияҳои экстремистӣ, радикалӣ ва хурофотпарастӣ яке аз омилҳои асосии хатарзо барои имрӯзу фардои Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа ба шумор меравад ва аз мо андешидани чораҳои муштаракро талаб менамояд.
Имрӯз яке аз масъалаҳои ҷиддие, ки ҷомеаи ҷаҳонро сахт нигарон кардааст, ин мушкилоти пайвастшавии ҷавонон ба ташкилоту ҳаракатҳои хатарзои террористиву экстремистӣ мебошад.
Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки тамоюли шомилшавии ҷавонон ба чунин ташкилоту ҳаракатҳои хатарзо бештар дар кишварҳое дида мешавад, ки сатҳи мазҳабгароӣ ва хурофоту таассуби баланди динӣ доранд. Категорияи асосие, ки тамоюл ба ақида ва мавқеи он гурӯҳҳоро ҷонибдорӣ менамоянд, ҷавонони камсаводу аз сиёсат дурмонда, муҳоҷирони меҳнатӣ, ҷавонони дорои мушкилоти иҷтимоӣ, ҷавонони бекор, шахсони аз оилаҳои маҳкумшудагон бо гуноҳи терроризму экстремизм мебошанд.
Яке аз омилҳои асосии ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷи кишвар ва наёфтани ҷои аниқи корӣ, сатҳи пасти маърифатнокӣ, носолимии муҳити оила, бепарвоӣ зоҳир кардани волидайн ба тақдири фарзандон, истифодаи васеи сомонаҳои интернетӣ ва ғайраҳо мебошанд.
Омилҳои муайянкардашуда дар самти шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ нишон дод, ки ин, пеш аз ҳама, зиёдаравӣ, ҳисси бегонапарастии онҳо аст.
Баъзе ҷавонон аз бетарафии ҷомеа истифода бурда, дар хориҷи кишвар таҳсил карда, узви ягон ҳизби ҳаракати ғайриқонунӣ гардида, ба вайрон кардани мафкураи ҷавонон машғул мешаванд.
Моро зарур аст, ки рафтори ҷавононро дар хориҷи кишвар низ зери назорат гирем.
Бояд тазаккур дод ки бурдани корҳои иттилоотӣ-маърифати дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Хуҷанд” ва “Истгоҳи роҳи оҳан” идома дорад.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд