Бо мақсади тақвият бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба дастуру супоришҳое, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо намояндагони ҷомеа ва ходимони дин санаи 9-уми марти соли ҷорӣ баён доштанд, дар толори маҷлисгоҳи Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурхи ноҳияи Ёвон мулоқоти судманд бо раисони маҳаллаҳо, имомхатибон, занон, ҷавонон ва оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур баромадкунандагон вобаста ба дастовардҳои кишвар дар давраи Истиқлолият муфассал ибрози назар карда, дар идома оид ба вазъи минтақа ва ҷаҳон, махсусан роҷеъ ба фаъол гардидани гурӯҳҳои ифротгаро истода гузаштанд.
Зикр гардид, ки гурӯҳҳои алоҳидаи ифротӣ, аъзоёни ТЭТ ҲНИ ва дигар ташкилотҳои террористию экстремистӣ, ки аз ҷониби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар таъсис ёфтаанд, аз фурсат истифода карда, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҷалб кардани ҷавонон ва вайрон кардани муҳити иттилоотии кишвар пардохтаанд.
Дар ин раванд аз аҳли толор, омӯзгорон, имомхатибон, раисони маҳаллаҳо, собиқадорону куҳансолон даъват ба амал оварда шуд, ки дар самти тарбияи насли наврас ва ҷавонон, тақвияти корҳои тарғиботӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон фаъол бошанд.
Дар фарҷоми мулоқот гуфтугӯи ошкоро байни фаъолони ҷамоат ва баромадкунандагон шуда гузашт.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон