Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ашт бо мақсади бо ҷойи кори доимӣ ва мавсимӣ таъмин намудани ҷавонони бекор ва муҳоҷирони ба Ватан баргашта дар якҷоягӣ бо шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ноҳия дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озоди дар ҳудуди ноҳия буда ва ҶСК “НБО Роғун” баргузор намуданд.
Чорабинии мазкур бо фарогирии зиёда аз 102 нафар шаҳрвандон, инчунин муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта ва бо пешниҳоди 363 ҷойи кории холӣ дар 23 корхонаву ташкилотҳои ноҳия ва зиёда аз 400 дар ҶСК “НБО Роғун” гузаронида шуд.
Дар рафти чорабинӣ ва корҳои фаҳмондадиҳи ба 2 нафар шаҳрвандони корҷуй роҳхати шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳоли дода шуда, 7 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ дар ноҳия таъмин гаштанд.
Дар чорабинии мазкур аз тарафи мутахассиси пешбари бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ашт Мирсалимова Мадина байни иштирокчиён корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, муҳоҷирати бехатар, пешгирии савдои одамон гузаронида шуда ба иштирокдорон доир ба мавзуъ варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда шуд.
Инчунин, қайд карда шуд, ки интихоби касб яке аз масъалаҳои муҳим мебошад ва бо кӯшишу меҳнат соҳиб шудан ба касбу ҳунар шахсро дар оянда соҳиби ҷойи кор намуда, зиндагиашро пеш мебарад.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд