Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара якҷоя бо ҲХДТ ва раёсати Агенти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ бо фаъолону сокинони ҷамоат, раисони маҳаллаҳо ва оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ бо иштироки зиёда аз 80 нафар сокиони ҷамоат вохӯрӣ доир намуданд.
Дар вохӯрӣ баромадкунандагон оид ба мавзӯъҳои гунонгун суханронӣ намуданд.
Дар навбати худ сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират Ахмедов М., дар бораи пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб ва мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм, хусусан дар муҳоҷират, инчунин эҳтиёт шудан аз бемориҳои сироятӣ, роҳ надодан ба нақзи ҳуқуқу уҳдадориҳои шаҳрвандони кишвари қабулкунанда, риояи талаботҳои қонунгузории кишвари мазкур суханронӣ намуд.
Дар охир ба суолҳои сершумори иштирокдорон посухҳои мушаххас дода шуд.
Чунин вохӯрии судманд дар Ҷамоати деҳоти Зумрад бо иштироки зиёда аз 200 нафар шаҳрвандон доир гашт.
Дар рафти вохӯрӣ дар бораи Паёми имсола, оид ба эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ”, пешгирии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ва террористӣ, даст задани ҷавонону ноболиғон ба ҷинояту ҷинояткорӣ ва пешгирии он, сабаби вайроншавии оилаҳои ҷавон ва пешгирии он, паҳншавии бемориҳои ВНМО (ВИЧ/СПИД), гепатит (А, В, С) баргузор гардид.
Мавриди зикр аст, ки Паёми имсолаи Президенти мамлакат фарогири тамоми паҳлуҳои ҳаётиву сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоии сокинони кишвар буда тақозо медиҳад, ки ҳар як фарди ватандӯст бояд барои дар амал тадбиқ намудани барномаву масъала ва ҳадафҳои дар Паём ироа гардида саъю талош менамоянд.
Зимни суханрониҳо вазъи бениҳоят печидаву мураккаби ҷаҳони имрӯза, аз қабили афзоиши хатари терроризму экстремизм ёдовар шуда таъкид гардид, ки дар чунин шароит ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ вазифаи ҷонӣ ва қарзи фарзандӣ ва рисолати ҳар фарди ба нангу номус, аз ҷумла ҷавонони саодатманди даврони истиқлол мебошад. Барои пешгирӣ намудани паҳншавии фарҳанги бегона тадбирҳои мушаххас ва муассир андешидан зарур аст.
Дар рафти он аъзои гурӯҳи таблиғотӣ оид ба мӯҳтавои Паёми Сарвари давлат, пешгирии шомилшавии гурӯҳҳои ифротгаро ва таълимоти ғайрирасмии динӣ, ҷалби ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирии зӯроварӣ дар оила, ба касбомӯзӣ ва забономӯзӣ фаро гирифтани муҳоҷирони ба Ватан баргашта, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, мубориза бар зидди коррупсия, мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм, рафти иҷрои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” сухан карданд.
Аз тарафи сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират Ахмедов М., вобаста ба масъалаҳои бо ҷойи кор таъмин намудани муҳоҷирони манъгашта дар ҶСК “НБО Роғун”, муҳоҷирати беҳатар ва муқовимат ба савдои одамон, мубориза бар зидди коррупсия, оид ба вазъи муҳоҷирони шаҳри Исфара, ки дар Федератсияи Россия фаъолияти меҳнатӣ доранд, инчунин дар бораи пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб, ҳамзамон, оид ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021, № 187 “Дар бораи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳуриии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ намуд.
Ҳамзамон шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара якҷоя бо раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳр, бо мақсади бо корҳои доимию мавсимӣ таъмин намудан ва ба касбомӯзӣ фаро гирифтани аҳолӣ дар шаҳри Исфара бо иштироки зиёда аз 90 нафар шаҳрвандон ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ баргузор намуданд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд