Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Зафаробод дар якҷоягӣ бо шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ бо мақсади ҳарчи бештар паст намудани сатҳи бекорӣ ва паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ назди бозори марказӣ ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ баргузор намуданд.
Чорабинии мазкур бо пешниҳоди 350 ҷойи кории холӣ ва вазифаҳои озод дар корхона ва ташкилотҳо, 180 ҷойҳои кории холӣ дар ҶСК “НБО Роғун”, гузаронида шуд.
Бо мақсади бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандони бекор тибқи супориши Ситоди вилоятӣ вобаста ба масъалаҳои бо ҷойи кор таъмин намудани муҳоҷирони сафарашон ба ФР манъгашта дар ҶСК “НБО Роғун” варақаҳо, буклетҳо пешниҳод намуда барои бо кор таъмин шудан дар ширкатҳои сохтмонии ҶСК “НБО Роғун” ба қайд гирифта шуданд.
Дар ярмаркаи мазкур 10 нафар шаҳрвандони бекор дорои тавсияномаи шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳия гаштанд.
Инчунин, 7 нафар шаҳрвандон, аз он ҷумла муҳоҷирони меҳнатие, ки воридшавиашон ба қаламрави Федератсияи Россия манъ гардидааст ба вакансияҳои ҶСК “НБО Роғун” шароити зист, хӯрока ва музди маош маълумотҳои муфассал гирифта иброз доштанд, ки дар рӯзҳои наздик аз хулосаи худ хабар хоҳанд дод.
Бояд зикр кард, ки гузаронидани чунин ярмаркаҳо дар ҳама шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд мунтазам гузаронида мешавад.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд