Ҳайати гурӯҳи кории Хадамоти муҳоҷират вобаста ба вазъи омаду рафти муҳоҷирони меҳнатӣ ба Федератсияи Россия дар фурудгоҳҳои шаҳри Душанбе, Бохтар, Хуҷанд ва Кӯлоб, инчунин истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Душанбе ва Хуҷанд корҳои иттилоотӣ-маърифатиро дар байни шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ ҷоннок намуда истодаанд.
Дар рафти суҳбат бо шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ, доир ба тағйироту иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, ҷиҳати будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати номбурда, омодагӣ пеш аз сафар, бақайдгирӣ, ҳуҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, пешниҳоди Сертификат оид ба донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории ин кишвар (тарзи супоридани имтиҳонҳо), донистани забони кишвари қабулкунанда, фарҳанг ва анъанаҳо, доштани касби мувофиқ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи он, корти муҳоҷирӣ, дар қайди муҳоҷирӣ истодан, ёрии тиббӣ расонидан ба шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Федератсияи Россия, гирифтани Патент, тартиб додани шартномаи меҳнатӣ, танҳо бо шиносномаи хориҷӣ ворид шудан суханронӣ намуданд.
Дар рафти суҳбат махсус қайд карда шуд, ки муҳоҷирати меҳнатӣ падидаи мусбат буда, имконият медиҳад, ки муҳоҷирон дар кишварҳои дигар кори муносиб ёфта, шароити зисту зиндагии худро беҳтар созанд, аммо паст будани сатҳи дониши ҳуқуқӣ ва беэҳтиётӣ ҳангоми муҳоҷирати меҳнатӣ метавонад сабаби пайдоиши як қатор мушкилиҳо гардад ба монанди: афтодан ба доми фиреб ҳангоми гирифтани ҳуҷҷатҳо, афтодан ба ғуломии меҳнатӣ, ба ғуломии шаҳвонӣ, фирефта шудан аз ҷониби гурӯҳҳои ифротгаро, пурра ё қисман гирифта натавонистани ҳақи меҳнати худ, гирифтор шудан ба зуроварии равонӣ ё ҷисмонӣ, зуран гирифтани ҳуҷҷатҳои муҳоҷирон ва маҳдуд кардани озодии муҳоҷир аз ҷониби корфармоён ё шахсони дигар оварда мерасонад, муҳоҷир бояд пешаки тайёрии ҳамаҷониба дида, баъдан ба сафар барояд. Инчунин, хароҷотҳои сафаратонро ҳисоб кунед ва бо худ маблағи муайян бигиред, то дар мулки бегона имконияти пардохти иҷорапулӣ, дуруст кардани ҳуҷҷатҳо ва харидани маводи ғизоиро дошта бошед.
Ҳамзамон ба шаҳрвандон дар бораи шомил нашудан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, экстремизм ва терроризм суҳбатҳо намуда ба ҳар яки онҳо дастурамали мухтасар оиди муҳоҷирати меҳнатӣ буклетҳо, варақаҳои иттилоотӣ-маърифатӣ тақсим карда шуд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки гузаронидани чунин силсила чорабиниҳо мунтазам аз тарафи ҳайати гурӯҳи кории Хадамоти муҳоҷират ва зерсохторҳои он гузаронида мешавад.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират