Оиди тақвият додани корҳои иттилоотӣ – фаҳмондадиҳӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ вобаста ба муҳоҷиратӣ бехатар, пешгирии пайвастани муҳоҷирон ба сафи гурӯҳҳои ифротдгарои динӣ ва қонунҳои нави Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират ҳайати гурӯҳи кории Хадамоти муҳоҷират ва зерсохторҳои он дар фурудгоҳҳо ва истгоҳи роҳи оҳан суҳбату вохӯрӣ баргузор намуда истодаанд.
Дар рафти суҳбату вохӯри бо шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки тавассути парвоз, қатора ва нақлиёти мусофирбар ба минтақаҳои гуногуни кишвари Федератсияи Россия сафар мекунанд оид ба муҳоҷирати бехатар ва қонунгузориҳои нави Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират суханронӣ намуда, онҳоро бори дигар таъкид мекунанд, ки пеш аз сафар омодагии хуб дида баъд ба сафар бароянд. Аз ҷумла, қайд карда шуд, ки аксарияти муҳоҷирони мо аз сабаби надонистани қонуну қоидаҳои кишвари қабулкунанда, надонистани забон, надоштани касбу ҳунар ҳангоми муҳоҷирати меҳнатӣ ба мушкилиҳои зиёд ру ба ру шуда, оқибат фирефтаи ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои бадхоҳон гардида, аз қаламрави Федератсияи Россия ронда мешаванд.
Ҳамзамон оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон, хусусан муҳоҷирони меҳнатӣ ба гурӯҳҳои терористию экстремистӣ суҳбат намуда дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.
Аз ҷумла, огоҳ карда шуд, ки гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ба ҳар роҳ шомилшавӣ ба сафҳояшонро талош менамоянд, ба хусус бо фиристодани паёмакҳои телефонӣ, саҳифаҳои иҷтимоӣ – интернетӣ (одноклассники, фейсбук, вайбер ва дигар роҳу усулҳо). Аз ин хотир ба паёмаку даъватҳои ношинос ва шубҳаовар ҷавоб надода ба расму видеоҳои хусусияти даъватию таблиғотӣ доштаи ин гурӯҳҳо лайк нагузоред ва дар чунин ҳолатҳо кушиш накунед, ки мушкилоти худро ба танҳои ҳал намоед, балки ба воситаи Сафорату Консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират муроҷиат намоянд.
Ҳамзамон даъват ба амал оварда шуд, ки дар давлати бегона эҳтиёткориро аз даст надода, фарҳангу тамаддуни миллати хешро ҳифз намуда, қонунҳои буду боши муҳоҷирати меҳнатиро риоя намоянд.
Дар фарҷом ба шаҳрвандон буклетҳои Хадамоти муҳоҷират: “Тундгаро, экстремист ва терорист киҳоянд ва чаро онро бояд донист?”, “Дар кадом ҳолатҳо шахс ба ҷавобгарӣ кашида мешавад?” тақсим карда шуд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират