Дар ҷаласаи комиссияи танзими равандҳои муҳоҷирати дохилӣ ва экологии назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт муовини раиси ноҳия, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомот, раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, аъзои комиссияи байниидоравии танзими равандҳои муҳоҷирати дохилӣ (экологӣ) ва дигар шахсони масъул ҳузур доштанд.
Ҷаласаи комиссияи танзими равандҳои муҳоҷирати дохилӣ ва экологии назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт таҳти сарварии муовини раиси ноҳия Маҳмудзода Ҷамшед сурат гирифт.
Ӯ ҷаласаи комиссияро ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро ба мавзӯи ҷаласа шинос намуд.
Сипас мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ашт Назарова Сулҳия оид ба раванди муҳоҷирати экологӣ дар ноҳия, мушкилот ва муаммоҳои мавҷудаи кӯчонидани муҳоҷирон ба мавзеъҳои навбунёд ва сари вақт ва дар сатҳи баланд ҷамъбаст намудани ҳисоботи пурсишӣ дар ба дари муҳоҷирони меҳнатӣ мухтасар маълумот дод.
Бояд тазаккур дод, ки ҳар сол ду маротиба ҷамъбасти маълумоти омории муҳоҷирати шаҳрвандонро ба хориҷи кишвар тариқи пурсиши наздиҳавлигӣ дар ҷамоатҳои деҳот ва кумитаи маҳаллаҳои ноҳия ҷамъбаст карда мешавад.
Инчунин, мудири бахши Хадамоти муҳоҷират аз раиси комиссия муовини раиси ноҳия хоҳиш намуд, ки барои оилаҳои муҳоҷирони экологиро ҳарчи зудтар ба мавзеи бехавф кӯчонидан дар якҷоягӣ бо роҳбарони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва бо кумаки аъзои ҳайати комиссия, мусоидат намоед.
Дар рафти музокира аз ҷониби раиси комиссия раисони ҷамоат, ва аъзои комиссия оид ба сохтмони манзили истиқоматӣ, баргардонидани қарзҳои имтизёноки муҳоҷирони экологии солҳои гузашта ва кӯчидани онҳо пурсиш гузаронида, таъкид намуд, ки дар муддати муайян корҳои сохтмониро ба анҷом расонанд ва ахборот оид ба кӯчидани муҳоҷирони экологӣ ба манзилҳои нави истиқоматӣ ба унвони раиси комиссия муовини раиси ноҳия Маҳмудзода М., тариқи хаттӣ пешниҳод карда шавад.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд