Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Айнӣ вобаста ба пешгирӣ намудани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ дар байни сокинони ноҳия, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо корҳои иттилоотӣ – маърифатиро ҷоннок намуда истодаанд.
Зимни вохӯрӣ бо сокинони ноҳия корманди масъули бахши Хадамоти муҳоҷират ба масъалаи рӯзмара, яъне шомилшавии ҷавонону муҳоҷирони меҳнатӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ афкори андеша намуд.
Инчунин, қайд кард, ки ҳаракатҳои ифротгароӣ, таҳдидоварӣ, террористиву экстремистӣ имрӯзҳо дар тамоми ҷаҳон таҳдид намуда истодааст ва ҷомеаи ҷаҳониро водор сохтааст, ки муттаҳид шуда пеши роҳи ин гуна зуҳуроти номатлуби хатарнокро фатҳ намоянд.
Мавриди зикр аст, ки вожаи «терроризм» аз калимаи лотинии «терор» маншаъ гирифта, маънояш тарс ва ваҳм аст.
Терроризм ин ташкили хатар, яъне аз тарафи ташкилотҳо, субъектҳо ё шахсони алоҳида бо истифодаи қувва, зӯроварӣ ба амал овардани вазъияти ноором, муҳити тарсу ҳарос ва хатар дар ҷомеа мебошад.
Террористон мехоҳанд, мақсаду мароми худро бо роҳи зуроварӣ куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд.
Дар баробари терроризм дар бисёр кишварҳои ҷаҳони муосир амалиёти экстремисти ба амал омада, боиси ташвишу изтироби ҷомеа гардида истодааст.
Экстремизм аз калимаи лотинии «екстремус» буда маънои аслиаш канораҷӯи, ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона ба ҳисоб меравад.
Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст.
Экстремизм (ифротгароӣ) аз руи мазмун динӣ ва дунявӣ ва аз рӯи зуҳурот худудӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ шуда метавонад.
Зуҳуроти ифротгароӣ хеле решадор буда, он ҳеҷ гоҳ ҳудуд ё дину миллат надорад ва ҳудуди ягон миллатро эътироф намекунад.
Аз ин хотир, моро зарур меояд, ки ба қадри ин тинҷиву оромии соҳибистиқлолии Ватан бирасем ва ин неъмати нодирро ҳифз намоем ва нагузорем нохалафе онро халалдор намояд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ба саволҳои иштирокчиён ҷавобҳои мушаххас дода шуд
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд