Ҳайати гурӯҳи кории Хадамоти муҳоҷират ва зерсохторҳои он дар фурудгоҳҳо ва истгоҳи роҳи оҳан бо шаҳрвандони ҷумҳурӣ – муҳоҷирони меҳнатӣ пеш аз сафар ба Федератсияи Россия корҳои иттилоотӣ-маърифатиро роҳандозӣ намуда истодаанд.
Дар суҳбат бо шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ, доир ба тағйироту иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, ҷиҳати будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати номбурда, омодагӣ пеш аз сафар, бақайдгирӣ, ҳуҷҷатгузорӣ дар ин кишвар, пешниҳоди Сертификат оид ба донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории ин кишвар (тарзи супоридани имтиҳонҳо), донистани касби мувофиқ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи он, корти муҳоҷирӣ, дар қайди муҳоҷирӣ истодан, ёрии тиббӣ расонидан ба шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Федератсияи Россия, гирифтани Патент, тартиб додани шартномаи меҳнатӣ, танҳо бо шиносномаи хориҷӣ ворид шудан, шомил нашудан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, экстремизм ва терроризм ва муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон, фаҳмонидани талаботҳои қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” суҳбатҳо намуда ба ҳар яки онҳо дастурамали мухтасар оиди муҳоҷирати меҳнатӣ буклетҳо, варақаҳои иттилоотӣ-маърифатӣ тақсим карда шуд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки гузаронидани чунин силсила чорабиниҳо дар фурудгоҳҳои шаҳри Душанбе, Бохтар, Хуҷанд ва Кӯлоб, инчунин, истгоҳи роҳи оҳан дар шаҳри Душанбе ва Хуҷанд аз тарафи ҳайати гурӯҳи кории Хадамоти муҳоҷират мунтазам гузаронида мешавад.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират