Бо ибтикори Муассисаи давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Хуҷанд дар ҳамбастагӣ бо намояндагони Ташкилоти байналмилалии муҳоҷират (ТБМ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати пеш аз сафар барои муҳоҷирони меҳнатие, ки ба Британияи Кабир барои кор дар соҳаи кишоварзӣ сафар хоҳанд кард, баргузор намуданд.
Мақсад аз баргузории ин чорабинӣ дар он аст, ки муҳоҷирони эҳтимолӣ пеш аз сафар фаҳмиши мустаҳками шароити корӣ, ҷойи истиқомат, музди меҳнат ва хароҷот, ҳуқуқҳои меҳнатӣ ва дигар ҳуқуқҳои худ дар Британияи Кабир дошта бошанд.
Ҳамзамон, вобаста ба масъалаҳои шомил нашудан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, экстремизм, терроризм ва муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон, фаҳмонидани талаботҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кудак» корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.
Дар рафти чорабинӣ намояндагони Ташкилоти байналмилалии муҳоҷират (ТБМ) низ суханронӣ намуданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки гузаронидани чунин силсила чорабиниҳо мунтазам аз тарафи МД «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Хуҷанд гузаронида мешавад.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд