Ҳайати гурӯҳи кории Хадамоти муҳоҷират ва зерсохторҳои он ҷиҳати беҳтар кардани корҳои фаҳмондадиҳӣ доир ба муҳоҷирати бехатар дар фурудгоҳҳо, истгоҳи роҳи оҳан ва нақлиёти мусофирбар ҳамарӯза бо муҳоҷирони меҳнатӣ, ки барои фаъолияти меҳнатӣ ба Федератсияи Россия сафар менамоянд, вохӯриву суҳбатҳо мегузаронанд.
Дар рафти вохӯрӣ ба шаҳрвандон таъкид карда шуд, ки тибқи қонуни Федератсияи Россия “Дар бораи будубоши қонунии шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Россия” аз 25 июли соли 2002, №115-ФЗ ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни Федералӣ аз 15 августи соли 1996 “Дар бораи тартиби даромад ба Федератсияи Россия ва баромад аз ҳудуди Федератсияи Россия”, ки 24-ноябри соли 2014 тахти № 357 ФЗ таҳия гардидааст, амалӣ карда мешавад, маслиҳати муфид дода шуд.
Аз ҷумла, таъкид карда шуд, ки дар баробари гирифтани Патент, қайди ҷойи истиқомат, донистани забон, расму оин, таърих ва фарҳанги кишвари иқомат, минбаъд бояд талаботҳои қонуни мазкурро, ки дар он масъалаи будубоши шаҳрвандро 90 ба 180 рӯз нишон додааст, бечунучаро риоя намоянд.
Шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ворид гардидан ба Федератсияи Россия метавонанд, ки 90 рӯз фаъолияти меҳнатӣ намуда, баъди он бояд кишвари иқоматро тарк намуда, 90 рӯзи боқимондаро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон (ё кишвари дигар) паси сар намоянд.
Баъди гузаштани муҳлати муқарраргардида шаҳрванд метавонад дигарбора вуруди қаламрави Федератсияи Россия гардида, фаъолияташро идома диҳад.
Талаботҳои қонуни мазкур (90 ба 180) ба шаҳрвандони хориҷии зерин амалӣ намегардад;
- шаҳрвандони хориҷие, ки дар асоси гирифтани Патент фаъолият менамоянд;
- шаҳрвандони хориҷие, ки иҷозати иқомати мувакқатиро доранд (Разрешение на временное проживание);
- шаҳрвандони хориҷие, ки дорои иҷозатномаи иқоматро дар ҳудуди Россия доранд (Вид на жительство);
- гурезагон ва муҳоҷироне, ки паноҳандагии мувакқатӣ доранд;
- донишҷуёни хориҷие, ки ба таҳсили рӯзона фаро гирифта шудаанд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки айни ҳол қисми зиёди шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ба инобат нагирифтани талаботи қонуни мазкури 90 ба 180 аз ҳудуди Федератсияи Россия хориҷ (депортатсия) гардида истодаанд.
Бинобар аҳамияти ҷиддӣ доштани масъалаи мазкур ва бо мақсади роҳ надодан ба чунин қонунвайронкуниҳо ба шаҳрвандони – ҷумҳурӣ муҳоҷирони меҳнатӣ, муфассал фаҳмонида дода шуд.
Дар фарҷом ба шаҳрвандон буклетҳои Хадамоти муҳоҷират: “Тундгаро, экстремист ва террорист киҳоянд ва чаро онро бояд донист?”, “Дар кадом ҳолатҳо шахс ба ҷавобгарӣ кашида мешавад?” тақсим карда шуд.
Маркази матуботи Хадамоти муҳоҷират