Бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Истиқлол дар бинои МТМУ №4 дар ҳамкорӣ бо кормандони бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, инчунин, ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ бо сокинони маҳаллаи Табошари куҳнаи шаҳр, мулоқоти судманд баргузор намуданд.
Дар рафти мулоқот ҳайъати гурӯҳи корӣ оид ба тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулят барои таълиму тарбияи кӯдак”, ҳамзамон пешгирии тамоюли бегонапарастӣ, мубориза алайҳи терроризму экстремизм, муҳоҷирати бехатар ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ намуданд.
Ҳамзамон бояд қайд кард, ки чунин як чорабини иттилоотӣ дар маркази шаҳри Панҷакент бо шаҳрвандон аз ҷониби кормандони шуъба гузаронида шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд