Бо ташаббуси бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Спитамен бахшида ба эълон гардидани соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» дар маҳаллаи С.Уришеви, деҳаи Куркати Ҷамоати деҳоти Куруш вохӯрии навбатӣ бо сокинон баргузор гардид.
Дар ҷамъомади мазкур баромадкунандагон иброз намуданд, ки таҳти сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон торафт зебову шукуфон гашта ба сокинонаш шароити хуби кору фаъолият ва зиндагии осоишта фароҳам оварда шуд.
Зикр шуд, ки аҳолии мамлакат, аз ҷумла ҷавононро месазад дар партави сиёсати Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдомоти созандаро пеша намуда, ба ҳар гуна фиребу найранг ва ҳизбу ҳаракатҳои ифротгарои рӯй наоваранд.
Ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд ва барои ватану сарзаминамон хизмат намоянд.
Қайд карда шуд, ки имрӯзҳо дар дунё ба миқдори зиёд гурӯҳҳои ғайриқонунии террористӣ ташкил гардидааст, ки онҳо фаъолияти хешро паҳн намуда истодаанд ва мақсади асосии онҳо ин ноором намудани вазъ бо истифода аз ғояҳои экстремистӣ ва ҷалби бештари пайравон дар сартосари ҷаҳон мебошад.
Аз ин рӯ, мо бояд ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, фирефтаи гумроҳи чунин ниятҳои нопоки ҳизбу ҳаракатҳои тундрав нагардида, ҷавононро ҳушдор созем, то ба онҳо шомил нагарданд.
Дар суханронии худ мудири бахши Хадамоти муҳоҷират Уринбоев Б., оид ба тағйироту иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, ҷиҳати будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати қабулкунанда, омодагӣ пеш аз сафар, бақаӣдгирӣ, ҳуҷҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, пешниҳоди Сертификат оид ба донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории ин кишвар (тарзи супоридани имтиҳонҳо), донистани касби мувофиқ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи он, корти муҳоҷирӣ, дар қайди муҳоҷирӣ истодан, ёрии тиббӣ расонидан ба шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Федератсияи Россия, гирифтани Патент, тартиб додани шартномаи меҳнатӣ, танҳо бо шиносномаи хориҷӣ ворид шудан дар алоҳидагӣ иброз намуд.
Чунин вохӯриву мулоқотҳо бо сокинони ҷамоатҳои деҳоти ноҳия мунтазам баргузор хоҳад шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд