Тибқи ҷадвали тасдиқгардида аз ҳисоби масъулини Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд вобаста ба вазъи омаду рафти муҳоҷирони меҳнатӣ ба Федератсияи Россия аз ҷониби Оқилӣ Камол Толибзода – директори Муассисаи давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Хуҷанд ва Сатторова Манзурат – сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд, дар терминали мусофиркашонии роҳи “Абрешим”- и шаҳри Хуҷанд бо муҳоҷирони меҳнатӣ, ки аз самти Хуҷанд ба самти шаҳрҳои гуногуни Федератсияи Россия тавассути нақлиёти мусофирбар сафар менамуданд, корҳои иттилоотӣ – маърифатӣ ва мулоқот баргузор намуданд.
Дар суҳбат бо шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ, доир ба тағйироту иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, ҷиҳати будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати номбурда, омодагӣ пеш аз сафар, бақайдгирӣ, ҳуҷҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, пешниҳоди Сертификат оид ба донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории ин кишвар (тарзи супоридани имтиҳонҳо), донистани касби мувофиқ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи он, корти муҳоҷирӣ, дар қайди муҳоҷирӣ истодан, ёрии тиббӣ расонидан ба шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Федератсияи Россия, гирифтани Патент, тартиб додани шартномаи меҳнатӣ, танҳо бо шиносномаи хориҷӣ ворид шудан, шомил нашудан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, экстремизм ва терроризм ва муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон, фаҳмонидани талаботҳои қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» суханронӣ намуданд.
Ҳамзамон ба шаҳрвандон дар бораи шомил нашудан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, экстремизм ва терроризм ва муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон, фаҳмонидани талаботҳои қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» суҳбатҳо намуда ба ҳар яки онҳо дастурамали мухтасар оиди муҳоҷирати меҳнатӣ буклетҳо, варақаҳои иттилоотӣ-маърифатӣ тақсим карда шуд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки гузаронидани чунин силсила чорабиниҳо мунтазам аз тарафи МД «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Хуҷанд гузаронида мешавад.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд