Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар ҳамбастагӣ бо бахшҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, инчунин КИ ҲХДТ дар ноҳия дар деҳаи Рогиф Ҷамоати деҳоти ба номи Иван-Тоҷик бо сокинон ва муҳоҷирони меҳнатӣ вобаста ба муҳтавои Паёми имсолаи Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии кишвар, соли 2024 эълон гардидани «Соли маърифати ҳуқуқӣ», оиди тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», оиди пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон, бахусус муҳоҷирони меҳнатӣ ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, таълимоти ғайри расмии динӣ ва пӯшидани сару либоси ба мардуми мо бегона, вохӯрии судманд анҷом дода шуд.
Дар вохӯри вобаста ба мавзӯъҳои дар боло зикр гардида аз тарафи масъулин маълумотҳои муфид дода шуда иброз намуданд, ки дар ин рӯзҳо, ҳар яки мо бояд нигоҳдошти сулҳу суббот ва оромиро дар кишварамон дар ҷои аввал гузорем, ҳаргиз ба суханҳои душманони беруна бовар накунем ва фирефтаи суханҳои онҳо нагардем.
Ҳамзамон ҷиҳати ба ноҳияҳои қабулкунанда сафарбар намудани муҳоҷирони дохилӣ ва экологӣ барои оғоз ва идома додани корҳои сохтмонии хонаҳои истиқоматиашон низ суханронӣ намуда, таъкид намуданд, ки ҳарчи зудтар корҳои сохтмониро ба итмом расонида ба маҳалли навӣ зисташон кучида раванд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд