Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ашт мулоқоти судманд бо муҳоҷирони меҳнатӣ пеш аз сафар дар Ҷамоати деҳоти Меҳробод ҳангоми сафари хатсайри Тоҷикистон – Федератсияи Россия, шаҳри Тюмен аз ҷониби мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия Назарова Сулҳия дар якҷоягӣ бо мутахассиси пешбари Шуъбаи агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия Мамадҷонова Ойсара ташкил намуд.
Масъулини бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия қайд намуд, ки муҳоҷирати меҳнатӣ падидаи мусбат буда, имконият медиҳад, ки муҳоҷирон дар кишварҳои дигар кори муносиб ёфта, шароити зисту зиндагии худро беҳтар созанд, аммо паст будани сатҳи дониши ҳуқуқӣ ва беэҳтиётӣ ҳангоми муҳоҷирати меҳнатӣ метавонад сабаби пайдоиши як қатор мушкилиҳо аз қабилӣ, ба монанди: афтодан ба доми фиреб ҳангоми гирифтани ҳуҷҷатҳо, афтодан ба ғуломии меҳнатӣ, ва шаҳвонӣ, фирефта шудан аз ҷониби гурӯҳҳои ифротгаро, пурра ё қисман гирифта натавонистани ҳақи меҳнати худ, гирифтор шудан ба зуроварии равонӣ ё ҷисмонӣ, зуран гирифтани ҳуҷҷатҳои муҳоҷирон ва маҳдуд кардани озодии муҳоҷир аз ҷониби корфармоён ё шахсони дигар оварда мерасонад.
Бинобар ин, барои муҳоҷирати меҳнатии бехатар муҳоҷир бояд пешаки тайёрии ҳаматарафаҳо дида, баъдан ба сафар барояд.
Хароҷотҳои сафаратонро ҳисоб кунед ва бо худ маблағи муайян бигиред, то имконияти пардохти иҷорапулӣ, тахт кардани ҳуҷҷатҳо ва харидани маводи ғизоиро дошта бошед.
Ҳамзамон зикр карда шуд, ки ҳар як муҳоҷир бояд зиракии сиёсиро аз даст надода ҳангоми ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳо ба шахсони миёнарави тасодуфӣ ва амалҳои коррупсионӣ роҳ надиҳад.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд