Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Деваштич оид ба ташкили чорабиниҳои иттилоотӣ – маърифатӣ ва бурдани корҳои фаҳмонидадиҳӣ дар байни ҷомеа, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуда, корбарӣ дар ин самт идома дорад.
Чунин як вохӯрӣ дар Ҷамоати деҳоти Ғазантарак бо сокинон, муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо вобаста ба масъалаҳои, пешгирии ҳодисаҳои номатлуб байни занону ҷавонон, муҳоҷират, терроризму экстремизм, ва рафти амалишавии Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муҳоҷират”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” гузаронида шуд.
Намояндаи бахши Хадамоти муҳоҷират оиди муаммоҳое, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ дучори муҳоҷирон мегардад сухан ронда, муҳоҷирон ва аъзои оилаи онҳоро огоҳонид, ки ҳангоми сафар кардан ба давлатҳои хориҷа, бахусус ба Федератсияи Россия аз қонуну қоидаҳое, ки дар он давлат амал мекунад, воқиф буда, тартиби будубошро ва тартиби фаъолияти меҳнатиро риоя кунанд.
Аз ҷумла, доир ба фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба қаламрави Федератсияи Россия ворид мегарданд, оиди тағйиротҳои воридкардашуда ва шиносоӣ бо қонунҳои амалкунанда, сӯҳбат гузаронида шуд.
Ҳамзамон ба сокинон барои муҳоҷирати бехатар ба давлатҳои хориҷа, якчанд дастуру супоришҳо оиди барасмиятдарории хуҷҷатҳо ва барои гирифтани иҷозатномаи кор дар хориҷа дода шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд