Вақте ки дар сари дастурхон менишастем, бобоям баъди дуои дастархон бо таъкиди махсус бо ашки чашм иброз медоштанд, ки “Азизонам ба қадри ин Ватан ба қадри ин сарзамин, ба қадри Истиқлолияти давлатӣ, ба қадри нону намаки ҳалоли Тоҷикистони азиз ва ба қадри меҳнату заҳматҳои шабонарӯзии Сарвари давлат бирасед”.
Чун хурд будам мантиқи суханҳои мазкурро дарк намекардам, вале бо гузашти солҳо, ҳар як калимаи болозикрро таҳлил намуда, ба суоли бобоям ҷавоб пайдо намудам, ки бобоям ободию озодӣ, тараққиёту пешравии Тоҷикистони азизро дар қиёс бо солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва солҳои пешин дида, ба мо таъкид менамуданд, ки шукргузор бошем, ҳамеша ба Ватану давлат содиқона хизмат намуда, сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти Олии кишварро дастгирӣ намуда, дар атрофи он сарҷамъ бошем.
Акнун ман худро нафари хушбахт меҳисобам, чунки дар чунин Ватани азизу маҳбуб дорои сарвари оқилу доно ва сулҳофар кору зиндагӣ менамоям ва ба дилхоҳ суол сарбаландона посух гуфта, бо итминони комил гуфта метавонам, ки мо халқи тоҷик хушбахтарин миллате ҳастем, ки Худованди бузург ба мо Пешвоеро ато фармудааст, ки миллату давлати моро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намуда, Тоҷикистони соҳибистиқлолро обод ва ҷанги бародаркушро хотима бахшиданд.
Сарвари давлати мо пайваста тамоми кушиши худро ба харҷ медиҳанд, то мардуми кишвар зиндагии шоиста дошта бошад.
Набояд фаромӯш сохт, ки маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва заҳматҳои Пешвои муаззами миллат мо имконият пайдо намудем, ки Ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии хешро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаро ба роҳ монем.
Ҳоло давлати мо дар самти тараққиёт қадамҳои устувор гузошта, дар бисёр нишондиҳандаҳо дар минтақа пешсаф мебошад.
Иқтисодиёти Тоҷикистон баланд шуда, мо ба кишвари содиркунанда табдил гардидем.
Истихроҷи тиллову нуқра, алюминий ва маъданҳои гуногун, истеҳсоли молҳои ниёзи мардум, нуриҳои минералӣ, сементу кабел, истеҳсоли автобусҳои замонавӣ камтарин дастовардҳои истиқлолият мебошанд.
Солҳои охир гулгашту хиёбонҳои Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат ободтару зеботар гашта, маҳбуби дили сокинони кишвар ва меҳмонон гардида истодааст.
Бунёди пайкараи аввалин давлатдори тоҷикон Исмоили Сомонӣ, барафрохтани Парчами миллӣ, китобхонаи миллӣ, осорхона, театр, боғҳои фарҳангию фароғатӣ, сохтмони садҳо биноҳои баландошёна давлати моро дар қатори кишварҳои пешрафта қарор дода, аз дастовардҳои истиқлолият маҳсуб меёбанд.
Пешрафти иқтисодиёт ва таъмини амнияти шаҳрвандон боис гашт, ки ҳамасола ба Тоҷикистон ҳазорон сайёҳони хориҷӣ ташриф оварда, аз урфу одат ва анъанаҳои қадимаи мардуми тоҷик бархӯрдор мегарданд.
Бо зикри дастовардҳои 33 – соли даврони истиқлолият ин нуқтаро таъкид намудан ба маврид аст, ки ифротгароӣ ва дигар таҳдиду хатарҳои муосир, пеш аз ҳама, ба ҳамин арзишҳои ҳаётии ба дастовардаи даврони мо таҳдид менамоянд.
Онҳо пеш аз ҳама ба истиқлолияти давлатӣ, ба сохтори давлатии демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, ба суботу амният ва ҳаёти осоиштаи мардум, ба хонаву оилаи ободи ҳар як фард ва арзишҳои пурқимати миллии мардуми тамаддунсози мо монеаҳои хатаровар эҷод мекунанд.
Пас, муборизаи мо бар муқобили экстремизму терроризми байналмилалӣ дар асл мубориза барои ҳифзи давлат, истиқлолият, фарҳангу забон, арзишҳои миллӣ ва зиндагии озоду осудаи халқамон мебошад.
Пешвои муаззами миллат дар робита ба ин масъала чунин таъкид намуда буданд: «Дар натиҷа мо дар зарфи қариб се даҳсолаи гузашта ба як силсила дастовардҳои бунёдие ноил гардидем, ки сарнавишти минбаъдаи давлати соҳибистиқлоламон ба онҳо вобастагии мустақим дорад.
Муҳимтарин дастоварди мо дар ин давра таъмини сулҳу оромӣ, аз хатари нобудӣ наҷот додани давлатдории миллиамон ва аз парокандагӣ раҳо бахшидани миллатамон мебошад».
Аз ин рӯ, бояд шукргузорӣ аз он намоем, ки Худованд баҳри мо чунин Ватани азизу маҳбуб ва ободу зебоеро ато намудааст, ки шабеҳ ба биҳишт мебошад. Бояд ҳамагӣ ба қадри талошу заҳматҳои Пешвои миллати худ ва замину фазову ҳавои меҳану сарзамини хеш бирасем ва ҳама ҳамдилу яктан гашта дар ободонии ин диёри ҳамешасабз ва хурраму ободу нозанин заҳмат ба харҷ диҳем.
Абдуллоев Некрӯз,
мудири бахши робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷират