Тибқи нақшаи муштараки сохторҳои дахлдори ноҳияи Спитамен дар самти рушди иҷтимоӣ ва робита бо сокинони ноҳия бахшида ба эълон гардидани соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» дар толори Ҷамоати деҳоти Хуррамзамин вохӯрӣ бо муҳоҷирони меҳнатии ба ватан баргашта ва аъзои оилаи онҳо баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ иброз гардид, ки таҳти сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон торафт зебову шукуфон гашта ба сокинонаш шароити хуби кору фаъолият ва зиндагии осоишта фароҳам оварда шуд.
Зикр шуд, ки аҳолии мамлакат, аз ҷумла ҷавонон дар партави сиёсати Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми созандаро пеша намуда, ба ҳар гуна фиребу найранг ва ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ руй наоваранд. Ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд ва барои ватану сарзаминамон хизмат намоянд.
Қайд гардид, ки имрӯз дар дунё ба миқдори зиёд гурӯҳҳои ғайриқонунии террористӣ фаъолият доранд, ки онҳо тарғиботи хешро паҳн намуда истодаанд ва мақсади асосии онҳо ин ноором намудани вазъ бо истифода аз ғояҳои экстремистӣ ва ҷалби бештари пайравон дар сартосари ҷаҳон мебошад.
Дар шароити замони муосир ҳаракатҳо ва гурӯҳҳои ашхоси тундгаро хеле зиёд шуда, хусусиятҳои инсонбандӣ тараққӣ ёфтааст. Аз ин рӯ, мо бояд ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, фирефтаи гумроҳи чунин ниятҳои нопоки ҳизбу ҳаракатҳои тундрав нагардида, ҷавононро ҳушдор созем, то ба онҳо шомил нагарданд.
Ҳамзамон иштирокдорон оид ба тағйироту иловаҳо ба қонунгузории Федерасияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, ҷиҳати будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати қабулкунанда, омодагӣ пеш аз сафар, бақайдгирӣ, ҳуҷҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, пешниҳоди Сертификат оид ба донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории ин кишвар (тарзи супоридани имтиҳонҳо), донистани касби мувофиқ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи он, корти муҳоҷирӣ, дар қайди муҳоҷирӣ истодан, ёрии тиббӣ расонидан ба шаҳрвандон, гирифтани Патент, тартиб додани шартномаи меҳнатӣ, танҳо бо шиносномаи хориҷӣ ворид шудан, ба ФР фаҳмонида шуд.
Инчунин, вобаста ба масъалаи бо ҷойи кор таъмин намудани муҳоҷирони манъгашта дар ширкатҳои сохтмонии ҶСК “НБО Роғун”, кор дар давлатҳои Миср, Литва ва ғайра ба иштирокчиён маълумоти муфассал дода шуд.
Ҳамзамон дар Ҷамоати деҳоти Иван-Тоҷики ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ бо шаҳрвандон ва муҳоҷирони меҳнатӣ, дохилӣ ва экологӣ оиди пешгирии шомилшавии ҷавонон, бахусус муҳоҷирони меҳнатӣ ба гурӯҳҳои террористӣ экстремистӣ вохурии судманд ташкил ва баргузор карда шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд