Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара дар бозори маркази шаҳр бо иштироки зиёда аз 120 нафар шаҳрвандон, корҳои фаҳмондадиҳӣ доир намуд.
Дар рафти вохӯрӣ аз тарафи мутахассиси шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара Муҳитдинова М., оид ба рафти иҷрои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, вобаста ба масъалаҳои бо ҷойи кор таъмин намудани муҳоҷирони манъгашта дар ширкатҳои сохтмонии ҶСК “НБО Роғун”, муҳоҷирати бехатар ва муқовимат ба савдои одамон, оид ба вазъи муҳоҷирони шаҳри Исфара, ки дар Федератсияи Россия фаъолияти меҳнатӣ доранд, инчунин, дар бораи пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб ва мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм, хусусан дар муҳоҷират, суханронӣ намуда ба ҳар яки онҳо дастурамали мухтасар оид ба муҳоҷирати бехатар буклетҳо, варақаҳои иттилоотӣ-маърифатӣ тақсим карда шуд.
Бояд қайд кард, ки аз ҷониби кормандони бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ашт чунин як чорабинӣ дар бозори марказии ноҳияи Ашт шаҳраки Шайдон бо иштироки фурӯшандагони бозори мазкур гузаронида шудааст.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд