Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷирати дар ноҳияи Файзобод дар Ҷамоати шаҳраки Вашгирд ва Ҷамоати деҳоти Баҳор бо иштироки 50 нафар сокинони ҷамоатҳо семинар – машварат баргузор гардид.
Тибқи нақшаи тасдиқшуда дар семинари мазкур дар мавзӯъҳои муҳоҷирати бехатар, сафар ба муҳоҷират ва бозгашт аз муҳоҷират, ба мушкилиҳо дучор шудани муҳоҷирон ва фаъолияти Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, роҳҳои ҳалли мушкилиҳои муҳоҷирони дар хориҷа буда маслиҳату машварат дода шуд.
Ҳамзамон аз тарафи иштирокчиёни семинар бо намояндагони маркази захиравии муҳоҷирон саволу ҷавоб ҷиҳати қонунҳои амалкунандаи Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират гузаронида шуд.
Аз ҷумла, таъкид карда шуд, ки тибқи қонуни федералӣ аз 8 августи соли 2024, № 260-ФЗ “Дар бораи ворид намудани тағйирот ба баъзе санадҳои қонунгузории Федератсияи Россия”, аз тарафи Президенти Федератсияи Россия имзо шудааст.
Шарҳи мухтасари онро ба ҳозирин пешниҳод намуданд. Акунун будубош дар Федератсияи Россия дар давоми як соли тақвимӣ 90 рӯз муайян шуд (қаблан 90 рӯз дар давоми 6 моҳ имконпазир буд).
Хотиррасон менамоем, ки соли тақвимӣ аз 1 январ то 31 декабр ҳисоб карда мешавад (банди 5 моддаи 2 Қонуни федералии № 107-ФЗ «Дар бораи ҳисоб кардани вақт» аз 3 июни соли 2011). Шаҳрвандони хориҷӣ уҳдадоранд, ки аз кирдорҳои ба Россия зараровар худдорӣ кунанд.
Эҳтиром ба фарҳанг, анъанаҳо, арзишҳои маънавӣ ва мардуми Россияро пос нигоҳ доранд. Корнамоии халқи советиро дар муҳофизати Ватан таҳриф накунанд.
Ба муҳити зист, сарватҳои табиӣ, сарватҳои моддӣ ва фарҳангии Россия бо эҳтиром муносибат кунанд.Муҳоҷирони муваққатӣ, метавонанд худро ба муҳлати дар огоҳинома зикргардида (на бештар аз 1 сол), ба қайди муҳоҷиратӣ гузоранд (муҳоҷирони муваққатӣ онҳое мебошанд, ки иҷозати истиқомати муваққатӣ (РВП), иҷозати истиқомати доимӣ (ВНЖ) ё иҷозатномаи паноҳандагӣ надоранд), хуруҷ аз Федератсияи Россия ба ватани худ, бо истифода аз шиносномаи мӯҳлаташ гузашта ё шиносномаи фарсуда имконпазир аст.
Ҳангоми гузаронидани санҷиши сарҳадӣ, арзёбии хатарҳои эҳтимолии вайрон кардани низоми сарҳади давлатӣ ё эҷоди таҳдид ба амнияти давлат гузаронида мешавад.
Бояд қайд кард, ки Қонуни мазкур аз 2 феврали соли 2025 эътибор пайдо мекунад.
Аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Федератсияи Россия ба фаъолияти меҳнатии муваққатӣ машғуланд, хоҳиш карда мешавад, ки талаботҳои нави қонунгузорӣ дар самти муҳоҷирати Россияро риоя намоянд.
Дар ҳолати пайдо шудани саволҳо ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират муроҷиат намоянд.
Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Файзобод