Тибқи ҷадвали тасдиқгардида аз ҳисоби масъулини Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд вобаста ба вазъи омаду рафти муҳоҷирони меҳнатӣ ба Федератсияи Россия якҷоя бо намояндаи МД «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Хуҷанд дар терминали мусофиркашонии роҳи “Абрешим”-и шаҳри Хуҷанд бо муҳоҷирони меҳнатӣ, ки аз самти Хуҷанд ба самти шаҳрҳои гуногуни Федератсияи Россия тариқи нақлиёти мусофирбар сафар менамуданд, корҳои иттилоотӣ-маърифатӣ баргузор намуданд.
Дар суҳбат бо шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ, доир ба тағйиру иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, ҷиҳати будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати номбурда, омодагӣ пеш аз сафар, бақайдгирӣ, ҳуҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, пешниҳоди Сертификат оид ба донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории ин кишвар (тарзи супоридани имтиҳонҳо), доштани касби мувофиқ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи он, корти муҳоҷирӣ, дар қайди муҳоҷирӣ истодан, гирифтани Патент, тартиб додани шартномаи меҳнатӣ, танҳо бо шиносномаи хориҷӣ ворид шудан, инчунин, шомил нашудан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, экстремизму терроризм ва муқовимат ба савдои одамон, расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон, фаҳмонидани талаботҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» суханронӣ намуданд.
Чунин вохӯриву мулоқотҳо дар фурудгоҳ ва истгоҳи роҳи оҳан бо сокинони вилоят мунтазам гузаронида мешавад.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд