Тибқи ҷадвали тасдиқгардида гурӯҳи кории Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон вобаста ба вазъи омаду рафти муҳоҷирони меҳнатӣ ба Федератсияи Россия дар фурудгоҳ ва шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб корҳои иттилоотӣ – маърифатиро роҳандозӣ намуда, ба шаҳрвандон тавсияҳои муфид медиҳанд.
Дар рафти суҳбат бо шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ, доир ба тағйиру иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, ҷиҳати будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати номбурда, омодагӣ пеш аз сафар, бақайдгирӣ, ҳуҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, пешниҳоди Сертификат оид ба донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории ин кишвар (тарзи супоридани имтиҳонҳо), доштани касби мувофиқ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи он, корти муҳоҷирӣ, дар қайди муҳоҷирӣ истодан, гирифтани Патент, тартиб додани шартномаи меҳнатӣ, танҳо бо шиносномаи хориҷӣ ворид шудан, шомил нашудан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, экстремизм ва терроризм ва муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон, фаҳмонидани талаботҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кудак» суханронӣ намуданд.
Ҳамзамон оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон, хусусан муҳоҷирони меҳнатӣ ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ суҳбат намуда дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.
Аз ҷумла, огоҳ карда шуд, ки гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ба ҳар роҳ шомилшавӣ ба сафҳояшонро талош менамоянд, ба хусус бо фиристодани паёмакҳои телефонӣ, саҳифаҳои иҷтимоӣ – интернетӣ (одноклассники, фейсбук, вайбер ва дигар роҳу усулҳо).
Аз ин хотир ба паёмаку даъватҳои ношинос ва шубҳаовар ҷавоб надода ба расму видеоҳои хусусияти даъватию таблиғотӣ доштаи ин гурӯҳҳо лайк нагузоред ва дар чунин ҳолатҳо кушиш накунед, ки мушкилоти худро ба танҳои ҳал намоед, балки ба воситаи Сафорату Консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират муроҷиат намоянд.
Ҳамзамон даъват ба амал оварда шуд, ки дар давлати бегона эҳтиёткориро аз даст надода, фарҳангу тамаддуни миллати хешро ҳифз намуда, қонунҳои буду боши муҳоҷирати меҳнатиро риоя намоянд.
Барои нафароне, ки мехоҳанд фаъолияти меҳнатии худро дар хориҷи кишвар идома диҳанд ба МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ”–и дар шаҳри Бохтар муроҷиат намоянд.
Дар фарҷом ба шаҳрвандон буклетҳои Хадамоти муҳоҷират: “Тундгаро, экстремист ва террорист киҳоянд ва чаро онро бояд донист?”, “Дар кадом ҳолатҳо шахс ба ҷавобгарӣ кашида мешавад?” тақсим карда шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон