Бо ибтикори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд бо иштироки мудирони шуъба ва бахшҳои Раёсат чорабинии иттилоотӣ – маърифатӣ дар мавзӯи: «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» доир гардид.
Дар чорабинии мазкур сарнозири Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Каримӣ Ҳамза Ҳакимзода доир ба мавзуъҳои Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», қонун дар бораи муқовимат ба коррупсия, соли маърифати Ҳуқукӣ, қонун дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва Ҳуқуқӣ, дар бораи танзиму анъана ва ҷашну маросимҳо, Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза намуд.
Дар доираи чорабинӣ иштирокчиён атрофи масъалаҳои баррасишаванда саволҳо дода, ҷавобҳои қонеъкунанда дарёфт намуданд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд