Бо ташаббуси Гурӯҳи кории Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе вобаста ба тағйиру иловаҳои нав дар қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, савдои одамон ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз вобаста ба муҳоҷират бо фаъолон ва муҳоҷирони меҳнатии ба ватан баргашта ва аъзои оилаи онҳо дар шаҳри Ваҳдат чорабинии иттилоотӣ – маърифатӣ гузаронида шуд.
Дар рафти вохӯрӣ ҳайати гурӯҳи кории Раёсат махсус қайд карданд, ки муҳоҷирон бояд ҳушёриву зиракиро аз даст надиҳанд ва пеш аз ҳама ҳангоми баромадан ба сафар бояд пурра забони давлати қабулкунандаро аз худ кунанд ва дар муҳоҷират ҳама вақт бо худ шиноснома, корти муҳоҷират, огоҳиномаи гузоштан дар қайди муҳоҷират (сабт), Патент барои кор бо расиди пардохти андоз, санади бимаи ихтиёрии тиббӣ дошта бошанд.
Ҳамзамон гуфта шуд, ки муҳоҷирати меҳнатӣ падидаи мусбат буда, имконият медиҳад, ки муҳоҷирон дар кишварҳои дигар кори муносиб ёфта, шароити зисту зиндагии худро беҳтар созанд, аммо паст будани сатҳи дониши ҳуқуқӣ ва беэҳтиётӣ ҳангоми муҳоҷирати меҳнатӣ метавонад сабаби пайдоиши як қатор мушкилиҳо гардад ба монанди: афтодан ба доми фиреб ҳангоми гирифтани ҳуҷҷатҳо, афтодан ба ғуломии меҳнатӣ, ғуломии шаҳвонӣ, фирефта шудан аз ҷониби гурӯҳҳои ифротгаро, пурра ё қисман гирифта натавонистани ҳақи меҳнати худ, гирифтор шудан ба зуроварии равонӣ ё ҷисмонӣ, зуран гирифтани ҳуҷҷатҳои муҳоҷирон ва маҳдуд кардани озодии муҳоҷир аз ҷониби корфармоён ё шахсони дигар оварда мерасонад.
Бинобар ин барои муҳоҷирати меҳнатии бехатар муҳоҷир бояд пешаки тайёрии хуб дида, баъдан ба сафар барояд.
Барои ин: хароҷотҳои сафаратонро ҳисоб кунед ва бо худ маблағи муайян бигиред, то дар мулки бегона имконияти пардохти иҷорапулӣ, тахт кардани ҳуҷҷатҳо ва харидани маводи ғизоиро дошта бошед.
Ҳамзамон иброз гардид, ки мо халқи тоҷик имрӯз бояд шукрона кунем, шукронаи тинҷӣ, Истиқлолияти комил, Ваҳдати миллӣ ва шукронаи Пешвои муаззами миллат кунем, ки дар ватани мо сулҳу суббот пойдор аст.
Ҳастанд бадхоҳони миллат, ки аз берун луқма партофта мехоҳанд ба сулҳу оромии кишварамон халал эҷод намоянд, вале онҳо муваффақ нахоҳанд шуд.
Насли ҷавону қавииродаи тоҷик имрӯзҳо сиёҳро аз сафед ва хубро аз бад фарқ мекунанд ва он бадтинатони хоинони Ватан наметавонанд онҳоро гумроҳ бисозанд.
Аз ҳар як иштирокчиёни ин чорабинӣ, ки бевосита фаъолон ва муҳоҷирони меҳнатӣ ҳастед насли наврасу ҷавонро дуруст тарбия намуда, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастиро дар ботини ҳар як ҷавон бедор созед, зеро ояндаи ин миллату давлат маҳз дар дасти ҷавонони бо ғайрату далери ин кишвар аст.
Он оилаҳое, ки фарзандонашон дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дорад, бо онҳо доим дар тамос бошед, насиҳаташон кунед то ба доми чунин бадхоҳони миллат ва он ҷангҷӯёни ифротӣ наафтанд, – иброз доштанд иштирокчиёни чорабинӣ.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе