Тавре иттилоъ доред, 29 августи соли ҷорӣ тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар остонаи ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як гурӯҳ кормандони соҳаҳои гуногун барои меҳнати фидокорона бо мукофоти давлатӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадршиносӣ гардида буданд.
2 сентябр, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид 17 нафар кормандони соҳаҳои гуногун ба чунин қадршиносиҳо сазовор шуданд.
Аз ҷумла, дар байни онҳо муовини сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Зокирзода Раҳматулло Изатулло барои меҳнати фидокорона бо мукофотӣ давлатӣ бо медали “Хизмати шоиста” аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадрдонӣ гардид.
Зимни баромади худ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода иброз доштанд, ки аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супоридани мукофоти давлатӣ ин мояи ифтихору сарфарозист.
Аз ин нигоҳ, ҳар сол дар остонаи ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон он нафароне соҳиби мукофоти давлатӣ мегарданд, ки дар пешрафту ободии ватан, рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат ҳиссаи арзанда гузоштаанд.
Сарвазири кишвар роҷеъ ба пешрафт ва рушди соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии вилояти Хатлон дар солҳои соҳибистиқлолӣ ёдовар шуда, афзуд, ки мо бояд зери сиёсати созандаю бунёдкор ва хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша муттаҳид бошем.
Дар анҷоми маросими мукофотсупорӣ Сарвазири мамлакат бори дигар ҳамаи нафароне, ки барои фаъолияти пурсамар дар роҳи рушду пешрафти ҷомеа аз ҷониби роҳбарияти давлату ҳукумати мамлакат бо мукофотҳои олии давлатӣ қадрдонӣ гардиданд, самимона табрик гуфта, ба онҳо дар роҳи пешбурди меҳнати содиқона ба нафъи давлату миллат комёбиҳо орзу намуданд.
Роҳбарият ва кормандони Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон Зокирзода Раҳматулло Изатуллоро бо ин мукофоти давлатӣ бо медали “Хизмати шоиста” аз самими қалб табрик гуфта, барояшон сарбаландӣ, умри дароз ва муваффақият дар корҳояшон таманно намуданд.
Маркази матуботи Хадамоти муҳоҷират