Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара баҳри таъмини иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2021, №518 “Дар бораи тартиби амалӣ намудани муҳоҷирати дохилии аҳолӣ аз ноҳияҳои камзамин ва сераҳолии кӯҳистон ба водиҳои дорои заминҳои бекорхобидаи ҷумҳурӣ дар солҳои 2022-2024”, корҳои назаррасеро ба сомон расонид.
Мувофиқи нақша 15 оилаи муҳоҷирони дохилӣ бояд дар соли 2024 кӯчонида шаванд.
Дар ин бора қарори Раиси шаҳр таҳти №33 аз 02 феврали соли 2024 «Дар бораи кӯчонидани муҳоҷирони дохилии аҳолии қобили меҳнат аз минтақаҳои сераҳолии кӯҳистон ба мавзеъҳои дорои заминҳои бекорхобида» ба имзо расидааст.
Ба 15 оила, ки ҳамчун муҳоҷирони дохилии аҳолии қобили меҳнат дар соли 2024 эътироф шудаанд, қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ барои сохтмони манзили истиқоматӣ ба ҳар яке ба андозаи 0,06 га аз мавзеи Моҳпарии шаҳр ҷудо карда дода шудааст.
Кормандони шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара санаи 28-уми августи соли ҷорӣ бо муҳоҷирони дохилии соли 2024 вохурӣ ташкил ва баргузор намуданд.
Дар вохӯрӣ ҷиҳати ҳарчи зудтар ба корҳои сохтмонӣ оғоз намудан, ба мавзеи нав кӯчидан ва моҳияти муҳоҷирати дохилиро пурра фаҳмонида дода шуда, инчунин баҳри пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб, оид ба мӯҳтавои Паёми Сарвари давлат баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирии зӯроварӣ дар оила, ба касбомӯзӣ ва забономӯзӣ фаро гирифтани муҳоҷирони баргашта, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, дар бораи тадбирҳои иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, №222 “Дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, оид ба рафти иҷрои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” сухан карданд.
Бояд қайд намуд, ки кормандони шуъба бо муҳоҷирони дохилӣ вохӯриву мулоқотҳо мунтазам доир намуда истодаанд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд