Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Зафаробод дар назди бозори марказии ноҳия дар якҷоягӣ бо бахши Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод баргузор намуданд.
Тавассути ин чорабинӣ, бархе аз корҷӯяндагоне, ки муроҷиат намуданд, ба ҷойи кор роҳхат гирифтанд.
Барои ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ, занону духтарони бешуғл ба касбомӯзӣ дар шаҳри Бустон таи солхои охир тадбирҳои амалӣ андешида мешавад.
Баргузории чорабинии мазкур дар асоси нақшаи ҳарсолаи Раёсати Хадамоти муҳоҷират ва Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилоят ҷиҳати ба шуғл таъмин намудани сокинони бешуғл, бахусус, муҳоҷирони меҳнатӣ ва занону духтарон роҳандозӣ гардида истодааст.
Инчунин, 8 нафар шаҳрвандон, аз он ҷумла муҳоҷирони меҳнатие, ки воридшавиашон ба қаламрави Федератсияи Россия манъ гардидааст ба вакансияҳои ширкатҳои сохтмонии ҶСК «НБО Роғун» шароити зист, хӯрока ва музди маош маълумотҳои муфассал дода шуд.
Бояд қайд кард, ки гузаронидани чунин ярмаркаҳо дар ҳама шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд мунтазам баргузор карда мешавад.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд