Бо ташаббуси бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Конибодом дар якҷоягӣ бо шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, Маркази касбомӯзӣ ва корхонаю ташкилотҳое, ки ҷойҳои холии корӣ доранд, ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ баргузор намуданд.
Қайд карда шуд, ки бахши Хадамоти муҳоҷират дар якҷоягӣ бо шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳоли ва Маркази касбомӯзӣ дар шаҳри Конибодом тамоми кӯшишу ғайрати худро барои таъмини иҷрои саривақтии нақшаи ярмарка равона менамояд.
Дар натиҷаи баргузории ярмаркаи мазкур, дар маҷмӯъ зиёда аз 300 адад ҷойи корӣ дар кишвар, аз ҷумла 10 адад ба Федератсияи Россия пешниҳод карда шуд. Дар чорабинии мазкур зиёда аз 150 нафар шаҳрвандони бекор иштирок намуда, аз ин теъдод 30 нафар шаҳрвандони бекори шаҳри Конибодом роҳхат барои ба кор қабул шуданашон дода шуд.
Инчунин, ҷиҳати омӯзонидани шаҳрвандони бекор ба курсҳои кӯтоҳмуддат ба 25 нафар рохҳат дода шуд.
Ҳамзамон дар ҷараёни ярмарка аз тарафи кормандони бахши Хадамоти муҳоҷират якҷоя бо шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳоли ҳамчун ташкилкунанда ба иштирокчиёни ярмарка буклетҳо ба миқдори зиёда аз 100 нусха, инчунин ҷалби шаҳрвандон барои кор дар ширкатҳои сохтмонии Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи “Нерӯгоҳи Барқии Обии Роғун” ва касбомӯзи дар Маркази касбомӯзӣ, маслиҳатҳои муфид дода шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд