Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Айнӣ дар Ҷамоати деҳоти Айнӣ вохӯрии судманд доир гардид.
Дар вохӯрӣ намояндаи бахши дин танзими анъана ва ҷашну маросим дар ноҳия, фаъолон, имомхатиби масҷиди марказии ноҳия, оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, вакилони ҷамоатҳо ва кумитаи маҳаллаҳо иштирок намуданд.
Дар вохӯрӣ мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия Ғайбуллоев Б., доир ба мавзӯи доғи рӯз қайд намуд, ки имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳониро як навъи бесарусомоние фаро гирифтааст, ки ҳеҷ пеши роҳи он гирифта нашуда истодааст.
Терроризм, экстремизм, ки ин вожаҳо ба ҳар яки мову Шумо шинос терроризм – тарс даҳшат ва экстремизм – ҷудоихоҳӣ, фитнаангезӣ, ки ҳамаи инҳоро миллати тоҷик давоми солҳои 90-уми асри гузашта аз сар гузаронид ва набояд ин хатогиҳо такрор ёбад.
Дар рафти вохӯрӣ ба самъи ҳозирин расонида шуд, ки имрӯзҳо дар вазъияти ҳассоси ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳар як нафарро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода ҳушёриро ихтиёр намоянд.
Имрӯзҳо ки аз ҳар оила қариб дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, хушёр бошанд дар ҷангҳое ки дар қаламрави кишварҳои хориҷа, аз ҷумла Украина гузашта истодааст аз сафарбаршавӣ худдорӣ намоянд.
Набояд фаромӯш кунанд, ки ҳар нафаре, ки аз ҳарду ҷониб ба хотири манфиати шахсӣ дар ин ҷангҳо иштирок менамоянд ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешаванд.
Мо халқи тоҷик, имрӯз бояд шукрона кунем, шукронаи тинҷӣ, Истиқлолияти комил, Ваҳдати миллӣ ва шукронаи Пешвои муаззаму маҳбуби миллат кунем, ки дар ватани мо сулҳу субот пойдор аст.
Ҳастанд бадхоҳони миллат, ки аз берун луқма партофта мехоҳанд ба сулҳу оромии кишварамон халал эҷод намоянд, вале онҳо муваффақ нахоҳанд шуд.
Насли ҷавону қавииродаи тоҷик имрӯзҳо сиёҳро аз сафед ва хубро аз бад фарқ мекунанд ва он бадтинатони хоинони Ватан наметавонанд онҳоро гумроҳ бисозанд.
Аз ҳар яки иштирокчии ин чорабинӣ, ки бевосита фаъолони ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ҳастанд, иброз гардид, ки насли наврасу ҷавонро дуруст тарбия намуда, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастиро дар ботини ҳар як ҷавон бедор созанд, зеро ояндаи ин миллату давлат маҳз дар дасти ҷавонони бо ғайрату далери ин кишвар аст.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд