Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи фарзандони таърихии миллати тоҷик аст, ки ҳамчун туҳфаи тақдир ба мо эҳдо шуд.
Зеро Пешвои миллат маҳз дар давраи ибтидои соҳибистиқлолии давлат ва тезу тундшавии вазъияти сиёсии кишвар ба майдони роҳбарӣ омада, мардуми дар парешониву даҳшат афтода ва Тоҷикистони пора-пора шудаистодаро аз хатари фано эмин сохт.
Танҳо дар бораи хизматҳои дар наҷоти миллат ва эҳёи халқи тоҷик кардаи Президенти муҳтарами худ мо соатҳо сухан ронда, китобҳо иншо кунем ҳам кам аст.
Аз Тоҷикистони ҷангзада имрӯз кишвари рӯ ба инкишоф ва дар арсаи олам мавқеи хос доштаро сохтани Пешвои миллат нишони хиради модарзодии миллати тоҷик аст, тамаддунофариву ваҳдатсароии Роҳбари давлат обрӯю эътибори Тоҷикистонро дар байни тамоми давлатҳои олам боз ҳам бештар намуд.
Мо бо боварии комил гуфта метавонем, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асосгузори Тоҷикистони муосир аст.
Аз тарафи дигар эълон гардидани чор ҳадафи стратегии миллӣ баҳри зиндагии шоистаи мардум барои ояндаҳо таъсир дорад. Инчунин, ин чаҳор ҳадафи миллӣ аз сарчашмаҳои омодасозии кадрҳои техникиву технологӣ об мехӯрад.
Дар ин самт низ бо дастгириву дастурҳои Сарвари давлат тамоми корхонаву муассисаҳои Тоҷикистон соҳиби имкониятҳои васеи фаъолият, базаҳои лабораториву шароитҳои муосир гардиданд.
Дастгирии ҷавонон гувоҳи дигари сиёсати хирадмандонаи Президенти муҳтарами кишвар аст. Зеро дар қатори муассисаҳои олии касбии кишвар дар хориҷи мамлакат омода кардани кадрҳои зарурӣ барои пешрафти иқтисодиёти Тоҷикистон мусоидат карда истодааст.
Ин аст, ки имрӯзҳо бо неруи соҳибкасбони дохилӣ иншооти ниҳоят бешумори саноативу хизматрасонӣ, маданию маишӣ ва ғайраҳо сохта шуда истодаанд.
Симои имрӯзаи тамоми минтақаҳои Тоҷикистон аз солҳои пеш аз истиқлолият ба куллӣ фарқ мекунад, сатҳи зиндагӣ, фаҳмишу идроки мардум ҳам дар сатҳи зарурии замонавӣ боло рафтааст.
Ҷасуриву мушкилнописандии Президенти кишвар сабаб шуд, ки дар даврони истиқлолият ҳатто иншооти оғоз кардаву ба итмом нарасонидаи Шӯравӣ пурра ба истифода дода шуд.
Он иқтидори иқтисодие, ки собиқ ИҶШС доштаву нақби “Истиқлол” ва НБО-и Роғунро ба истифода дода натавонист, имрӯз таҳти роҳбарии ин марди худодод Тоҷикистон сохтаву сохта истодааст.
Мо бояд назди худ саволе гузорем, ки бе сулҳу ваҳдат, бе якдигарфаҳмиву сарҷамъӣ оё мо то ба имрӯзи хушбахтиҳо расида метавонистем? Ҳаргиз не! Ҳамаи ин бо талошу заҳматҳои Пешвои муаззами миллат насибамон гардидааст.
Мардуми шарифи Тоҷикистон имрӯз пайравӣ аз Пешвои худ мекунад, Роҳбари давлати худро дӯст медорад ва сиёсати пешгирифтаи ӯро ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд.
Ҳамзамон, бо ташаббус ва дастгирии пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таъмиру азнавбарқароркунии ёдгориҳои таърихӣ, эҳё намудани расму ойин ва суннатҳои милллӣ вусъати нав пайдо намуданд.
Маҳз бо ҳидояту шарофати бевоситаи роҳбари фарҳангдӯсту таърихшинос чеҳраҳои сиёсию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллӣ аз нав зинда гардида, асарҳои бунёдии таърихӣ нашр шуда, дастраси хонандагон гардиданд.
Ҳамроева Ҷаҳоноро,
корманди масъули шуъбаи иҷозатномадиҳӣ Раёсати муҳоҷирати меҳнатӣ Хадамоти муҳоҷират