Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Деваштич дар толори Ҷамоати деҳоти Ваҳдат вохӯрии судманд бо сокинону имохатибон ва фаъолони деҳаҳои Ҳазорчашма ва Истиқлол баргузор гардид.
Дар чорабинӣ намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳия, муовини Раиси ноҳия Нуруллозода Г., сардори шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Расулов Ф., мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия Зиёзода Д., сардори шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳия Шарофзода М., муовини раиси Ҷамоати Ваҳдат Бобозода Ш., ва раисони маҳаллаҳо иштирок ва баромад намуданд.
Дар чорабинии мазкур вобаста ба масъалаҳои даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии ҳодисаҳои номатлуб байни занону ҷавонон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, терроризм ва экстремизм, муҳоҷирати бехатар, оид ба татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат бар зидди коррупсия, оиди Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон”, ва рафти амалишавии Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муҳоҷират”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кудак”, суханронӣ карда шуд.
Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират Зиёзода Д., оиди дар ҷаҳони муосир таъсиррасонии равандҳо ва зуҳуроти гурӯҳҳои ифтотие, ки на балки дар як қатор кишварҳои минтақа ба тамоми кишварҳои ҷаҳон ва ба кулли мардумони сайёра таҳдид мекунад, сухан ронда, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротии террористӣ экстремистӣ ва аз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои тундраве, ки мардумро хусусан муҳоҷирони меҳнатиро фирефтаи худ мекунанд ва боз он муаммоҳое, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ дучори муҳоҷирон мегардад, муҳоҷирон ва аъзои оилаи онҳоро огоҳонида шуд.
Аз ҷумла, доир ба фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба қаламрави Федератсияи Россия ворид мегарданд, оиди тағйиротҳои воридкардашуда ва шиносоӣ бо қонунҳои амалкунандае, ки ҳангоми сафар кардан ба давлатҳои хориҷӣ, хусусан ба Федератсияи Россия аз қонуну қоидаҳое, ки дар он амал мекунад, воқиф буда, тартиби будубошро ва тартиби фаъолияти меҳнатиро бояд дуруст ба роҳ монанд, иброз намуд.
Ҳамзамон ба шаҳрвандон барои муҳоҷирати бехатар ба давлатҳои хориҷа, якчанд дастуру супоришҳо оиди барасмиятдарории хуҷҷатҳо ва барои гирифтани иҷозатномаи кор дар хориҷа, дода шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд