Кормандони масъули Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе ҷиҳати бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни муҳоҷирони меҳнатӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе”, ки тавассути парвоз ба минтақаҳои гуногуни кишвари Россия равонаанд, вохӯрии судманд баргузор намуданд.
Дар рафти суҳбат бо шаҳрвандон гуфта шуд, ки бештари шаҳрвандони мо дидаву дониста ба қонунвайрокунии кишвари қабулкунанда даст мезананд. Дар натиҷа, воридшавии онҳо ба Федератсияи Россия манъ мегардад.
Инчунин, муайян карда шуд, ки яке аз сабабҳои берун намудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Федератсияи Россия, ин иваз намудани ному насаби онҳо баъд аз хориҷ гардиданашон мебошад.
Зимни мулоқот бо шаҳрвандон намояндагони Раёсат, баромад намуда, оид ба вазъи имрӯзаи муҳоҷират дар Федератсияи Россия сухан гуфта, қайд намуданд, ки муҳоҷирони меҳнатие, ки азми сафари кишвари Россия доранд, оид ба талаботи нави қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ огоҳ бошанд, тартиб ва мақсади воридшавӣ, дар муҳлати муқаррар гардида ҷамъоварӣ ва пешниҳод намудани маводи зарурӣ ба ВКД ФР оид ба муҳоҷирати минтақавӣ барои гирифтани Патент ва риояи муҳлати будубоши муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ ва ба вуҷуд омадани мушкилиҳои эҳтимолӣ барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хоҳиши фаъолияти меҳнатиро дар қаламрави ин давлат доранд, пеш меояд, ошно намуда, роҳҳои ҳалли онро низ ба онҳо ба таври содда фаҳмонда дода, ба саволҳои онҳо ҷавобҳои мушаххас доданд.
Ҳамзамон аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ таъкид карда шуд, ки пеш аз сафар ба кишвари Россия ҳатман забони давлатии ин кишварро дар доираи муошират донанд, тарзи либоспӯшӣ, инчунин, мондани риши дароз, ки дар ин кишвар қобили қабул нест нагузоранд.
Инчунин, доштани касби муносиб ба ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ зарур аст, чунки дар кишвари қабулкунанда ба муҳоҷири ихтисосдор талабгор зиёд аст.
Аз ин лиҳоз, аз шаҳрвандони мамлакат бори дигар таъкид карда, шуд то муътадил гардидан вазъият дар Федератсияи Россия аз сафар ба қаламрави ин кишвар тавассути ҳамаи воситаҳои нақлиёт бе зарурат муваққатан худдорӣ намоянд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе