Кормандолни масъули дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе” ҷиҳати пурзур намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ байни муҳоҷирони меҳнатӣ, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи омодагии онҳо пеш аз сафар корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор намуданд.
Дар вақти суҳбат бо муҳоҷирон масъалаҳои тарзи фаъолияти меҳнатӣ, дуруст пур кардани корти муҳоҷират, тартиби расман гирифтани иҷозатнома (патент), муҳлати иҷозатнома, тарзи дароз намудани муҳлати иҷозатнома, арзиши он, гузаштани муоинаи тиббӣ, гирифтани полиси суғуртавӣ, Сертификат оид ба донистани забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории Федератсияи Россия, тартиби дар қайди ҷойи истиқомат гузоштани шаҳрвандони хориҷа, тарзи бастани шартномаи меҳнатӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои корфармо ва коргар фаҳмонида шуд.
Ҳамзамон, дар рафти вохӯрӣ бо шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ расонида шуд, ки ба қонунҳои федералӣ оид ба будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Россия тағйиру иловаҳо ворид гардида, аз 5 феврали соли 2025 эътибори қонунӣ пайдо мекунанд.
Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия низоми махсуси ихроҷ (депортатсия)-ро ҷорӣ намуда, ба “рӯйхати шахсони назоратшаванда” зиёда аз 120 ҳазор шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун қонунвайронкунанда ба қайд гирифта шудаанд.
Шаҳрвандоне, ки дар рӯйхат қарор доранд, бояд худро то 5 феврали соли 2025 ба мақомоти дахлдори муҳоҷирати ФР муроҷиат намуда, ба қайди қонунӣ гиранд ё қаламрави ин давлатро тарк намоянд.
Дар сурати дар муҳлати муайяншуда ба қайди қонунӣ нагирифтан шаҳрванд ба рӯйхати шахсони ихроҷшаванда (депортатсия) ворид гардида, ҳуқуқи рафтан ба ин давлатро аз даст медиҳанд.
Агар шаҳрвандоне, ки дар руйхати мазкур қарор дошта бошанд ва ФР-ро бо хоҳиши худ тарк кардаанд, ихроҷ (депортатсия) шудаанд ё дар қаламрави Тоҷикистон ё дигар давлат қарор дошта бошанд, нусхаи шиносномаи хориҷии худро бо нишон додани муҳри убури сарҳад бо мақсади аз рӯйхати мазкур баровардан ба мақомоти муҳоҷирати ҷойи зисти худ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, пешниҳод намоянд.
Агар шумо дорои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия бошед ё қонунӣ фаъолияти меҳнати менамоед ва дар рӯйхат қарор доред, ҳатман нусхаи шиносномаи худро ба Намояндагии Вазорат дар ФР оид ба муҳоҷират пешниҳод намоед.
Шаҳрвандоне, ки дар қаламрави ФР қарор доранд, метавонанд ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар ФР оид ба муҳоҷират тавассути телефонҳои дар зер нишон дода шуда, муроҷиат намоянд.
Барои муайян намудани вазъи ҳуқуқии худ аз сомонаҳои расмии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон mehnat.tj, саҳифаи телеграм t.me/mlmert, Хадамоти муҳоҷират migration.tj, Намояндагии Вазорат дар ФР оид ба муҳоҷират tajmigration.ru ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон vkd.tj истифода намоед.
Телефонҳо барои маълумот: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ: 250-32-40; 250-32-09; 250-32-42, Хадамоти муҳоҷират: 225-05-95; 225-05-89; 225-05-77. Вазорати корҳои дохилӣ: 227-86-31; 221-98-12; 938762626; 939220684. |
Минтақаи марказӣ (вилояти Москва);
1. Азимӣ Дилрабо Амиркул + 7 (495) 967-98-44 prmstj@mail.ru
2, Вализода Назарали Нурали +7 (967) 271-02-02 prmstj@mail.ru
3. Холназаров Ромиш Имомназарович +7 (929) 540-88-88 prmstj@mail.ru
4. Зарифов Бахтиёр Тугайевич +7 (495) 967-98-44 .prmstj@mail.ru
5. Дустов Комрон Сайдахмадович+7 (988) 676-00-00 prmstj@mail.ru
6. Амирхонзода Субхон Бахрон +7 (966) 031-22-22 prmstj@mail.ru
7. Холов Довар Мирзоёрович +7 (936) 174-19-92 prmstj@mail.ru
Минтақаи Сибир;
Юсуфалиев Баҳром Равшанхонович+7(929) 388-54-11
bahrom.yusufaliev1972@mail.ru
Минтақаи Приволжск;
Курбонализода Зафар Курбонали +7 (926) 311-52-53 zafarmuhojirat@mail.ru
Минтақаи шимолу ғарбӣ (Санкт-Петербург);
Джонмахмадов Фурузон Фархудинович
+7 (977) 963-25-69 jonmahmadovfuruzon@gmail.com
Минтақаи Ҷануб (Краснодар);
Мирзозода Хуршед Насриддин +7 (996) 120-77-77 hursedm129@gmail.com
Маркази матуботи Хадамоти муҳоҷират